Вазири корҳои хориҷии Чин, ки ахиран кишвараш дар миёнравӣ барои барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни Эрон ва Арабистони Саудӣ комёб буд, рӯзи сешанбеи 18-уми апрел гуфт, ки Пекин омодаи миёнҷигарӣ дар музокироти сулҳ байни Исроил ва Фаластин аст.
Ба гузориши расонаҳои ҳукуматии Чин, оқои Қин Ганг, вазири корҳои хориҷии ин кишвар тамосҳои телефонии ҷудогона бо ҳамтоёни исроилӣ ва фаластинии худ дошт ва ба онҳо гуфт, ки Пекин омодааст, то дар музокироти сулҳ кӯмак кунад.
Хабаргузории расмии Чин навишт, вазири корҳои хориҷии ин кишвар рӯзи душанбе дар тамос бо вазири корҳои хориҷии Исроил ӯро ба "бардоштани гомҳое" барои оғози музокироти сулҳ ташвиқ карда, вазири корҳои хориҷии Фаластин низ гуфтааст, ки Пекин аз оғози дубораи музокирот дар зудтарин фурсат ҳимоят мекунад.
Ин ҳаракати дипломатии Чин ва ин гуфтугӯҳо дар ҳоле анҷом мешавад, ки танишҳо дар Исроил афзоиш ёфтааст ва даргирҳо дар Масҷид Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас дар моҳи апрел бо маҳкумияти кишварҳои арабӣ дар саросари минтақа рӯбарӯ шуд.
Арабистони Сауди, ки Исроил умедвор аст робитаро бо он оддӣ кунад, низ эълон кардааст, ки ҳамлаи Исроил ба Масҷиди Ал-Ақсо талошҳои сулҳро ноком кардааст.
Гузоришҳо мешавад, ки вазири корҳои хориҷии Чин ба ҳамтои исроилии худ гуфтааст, Пекин "нигарони танишҳои кунунӣ байни Исроил ва Фаластин аст ва авлавияти аслии феълӣ, назорати вазъ ва пешгирӣ аз бештар шудани даргирӣ ё ҳатто хориҷ шудан аз контрол аст".
Талоши Чин барои миёнравӣ байни ин ду тараф дар ҳоле сурат мегирад, ки Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон рӯзи ҷумъаи гузашта дар нахустин суханронии мустақими худ барои фаластиниҳо дар Навори Ғаза аз онҳо хост, ба мубориза бо Исроил идома диҳанд. Ӯ ваъда дод, ки Ҷумҳурии исломӣ дар ин мубориза "ба таври комил" аз онҳо ҳимоят мекунад.
Чин дар моҳҳои ахир тарҳҳои гуногунеро ироа дод ва дар моҳи март дар барқарории муносибатҳо байни Эрон ва Арабистони Саудӣ нақши муҳим бозӣ кард.
Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", мақомҳои чинӣ дар рӯзҳои ахир гуфтаанд, ки мавриди Эрон ва Арабистони Саудӣ "намунаи хубе барои ғалаба бар ихтилофот аз тариқи гуфтугӯ аст".
Дар моҳи феврал Пекин пас аз гуфтугӯҳое, ки байни Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин ва ҳамтои русаш Владимир Путин анҷом шуд, як тарҳи сулҳро барои Украина таҳия кард. Ин тарҳ аз ҳама тарафҳо хост, то аз танишҳои ҳастаӣ дурӣ кунанд, аммо ба Русия пешниҳоде барои хуруҷи нерӯҳояш аз хоки Украина надод.
Ин дар ҳоле аст, ки раҳбарони ғарбӣ то ҳадди зиёде ин тарҳро радд карданд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина бо эҳтиёт аз ин тарҳ истиқбол кард, аммо гуфт, ки ин тарҳ танҳо дар сурате қобили қабул аст, ки ба хуруҷи нерӯҳои рус аз ҳамаи сарзаминҳои ишғолии Украина бианҷомад.