"Шаҳр дигар амн нест, вазъ бадтар мешавад" ВИДЕО

Часов Яр, Украина

Зиндагии сокинони Часов Яр зери садои тир мегузарад. Ин шаҳр дар 10-километрии ғарби Бахмут ҷойгир аст. Макони задухӯрди нерӯҳои Русия ва Украина. Пеш аз ҳамлаи Русия дар ин ҷо тақрибан 14 ҳазор кас мезист, ҳоло бисёр кам монда.

Наталя, яке аз сокинони Часов Яр нафақаашро интизор аст. “Пештар Вазъият чандон бад набуд. Ҳоло тамоман ҳезум намонд. Мо дар фикри рафтан ҳастем,” – мегӯяд ӯ.

Дар шаҳри Краматорск, воқеъ дар ғарби Бахмут, низ вазъ беҳтар нест. Барқу алоқа дастрас аст ва мағозаҳо кор мекунанд, аммо тирпаронӣ ҳам ҷой дорад.

Лилия, сокини Краматорск, гуфт, “чанд шаб пеш моро шаш бор соати 3-и шаб ва ду бор соати 4-и субҳ тирборон карданд.”

Ихтиёриёни маҳаллӣ аз созмони “Фариштаҳои наҷот” барои кӯчондани мардум аз Краматорск ба ғарби Украина мусофирбар овардаанд. Евгений Павенко мегӯяд, ҳашт созмони дигари ғайритиҷоратӣ низ бо ҷамъоварии хайрия аз саросари ҷаҳон барои берун бурдани сокинон ёрӣ медиҳанд.

Павенко гуфт, “аз ҳама ҷо кумак меояд. Хешовандонам дар Амрико низ ба ман дасти ёрӣ дароз карданд. Бо ин пул мо барои паноҳҷӯён телефону пойафзол ва хӯрок мехарем.”

Ҷияни Евгений, Алина Павенко-Кириченко, замоне бо волидонаш ба Амрико кӯчид, ки ҳашт сол дошт. Вақте Русия ба Украина ҳамла кард, ба ҷамъоварии пул ва хайрия барои мардуми Краматорск оғоз намуд.

Алина мегӯяд, “оилаҳо дар Амрико пайваста мегуфтанд, ки бояд онҷоро тарк кунанд. Дар ҷавоб мегуфтанд, ба ҳеч куҷо намераванд. Фикр кардем, ки ҳама чиз хуб аст ва онҳо мехоҳанд, ба дигарон мадад расонанд, вале ҳоло худашон ба дастгирии мо ниёз доранд.”

Анна ба умеди кӯчонда шудан ба макони амн бо фарзандонаш ба Краматорск омадааст. “Шаҳр дигар бехатар нест, рӯз аз рӯз бадтар мешавад. Хонаи мо аз мушак каме зарар дид. Ҳаво сард аст, газ нест ва хӯрокро мебояд дар берун ва дар алов пухт,” – мегӯяд ӯ.

Автобусе, ки аз ҷониби ихтиёриён ташкил шудааст, сокинонро аз Краматорск ва шаҳрҳои гирду атрофи он ба Днепр ва Киев мебарад. Онҳо умед доранд, ки дар макони нав сарпаноҳ ёфта, зиндагии амну ороме хоҳанд дошт.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тирборони Русия сокинони Бахмутро ба тарки хонаҳояшон маҷбур кардааст