Мусовии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо Русия дар Ҷоми рушд-2023

Акс аз бойгонӣ.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов бозии даври аввали мусобиқаи анънавии байналмилалии «Ҷоми рушд-2023»-ро дар Мински Беларус бо тими наврасони Русия (U-17) бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод.

Дар ин бозии гурӯҳи «В», ки 5-уми феврал дар толори футболи Минск доир гардид, ҳисобро Виктор Окишор, бозигари мунтахаби Русия, дар дақиқаи 26-ум боз кард. Голи ҷавобиро Раббонӣ Камолов дар дақиқаи 51-ум ба самар расонд.

Футболбозони навраси тоҷик бозии дуюми марҳилаи гурӯҳиро рӯзи сешанбе, 7-уми феврал, муқобили дастаи Беларус (U-16) баргузор мекунанд. Бозӣ дар толори футболи Минск соати 17:40 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқаи байналмилалии зимистонаи "Ҷоми рушд-2023" дар Минск то рӯзи 11-уми феврал идома хоҳад кард.

Ин мусобиқаи анъанавӣ бо иштироки ҳашт дастаи мунтахаби наврасон сурат гирифтааст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои мунтахаби Беларус (U-17), Қазоқистон (U-17), Узбекистон (U-16) ва Русия (U-16) дохиланд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар гурӯҳи «В» бо тимҳои наврасони Беларус (U-16), Русия (U-17) ва Эрон (U-17) рақобат мекунад.

Мусобиқа дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешавад. Баъдан дастаҳои ғолиб дар финал бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳи худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош меварзанд. Инчунин бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6-ум ва 7-8-ум баргузор мешаванд.

Барои мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ширкат дар “Ҷоми рушд-2023” дар Минск яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имсол дар Тайланд доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2023» дар Мински Беларус

Гурӯҳи «В». Даври 1-ум

Русия (U-17) – Тоҷикистон (U-17) – 1:1

Голҳо: Виктор Окишор, 26 (1:0). Раббонӣ Камолов, 51 (1:1).

Беларус (U-16) – Эрон (U-17) – 0:4

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи "В"

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон (U-17)

1

1

0

0

4-0

3

2

Тоҷикистон (U-17)

1

0

1

0

1-1

1

3

Русия (U-17)

1

0

1

0

1-1

1

4

Беларус (U-16)

1

0

0

1

0-4

0

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

Қазоқистон (U-17) – Русия (U-16) – 1:0

Беларус (U-17) – Узбекистон (U-16) – 3:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Беларус (U-17)

1

1

0

0

3-0

3

2

Қазоқистон (U-17)

1

1

0

0

1-0

3

3

Русия (U-16)

1

0

0

1

0-1

0

4

Узбекистон (U-16)

1

0

0

1

0-3

0

Бозиҳои боқимондаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17):

Даври 2-юм

7-уми феврал (сешанбе)

Оғози бозӣ – соати 17:40 бо вақти Душанбе

Беларус (U-16) – Тоҷикистон (U-17)

Даври 3-юм

9-уми феврал (панҷшанбе)

Оғози бозӣ – соати 15:20 бо вақти Душанбе

Тоҷикистон (U-17) – Эрон (U-17)