Дастаи мунтахаби миллии занонаи футзали Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Мустафо Афшорӣ, мутахассиси эронӣ, 25-уми январ барои ширкат дар дувумин мусобиқаи қаҳрамонии Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2023 ба Тошканд сафар кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар дувумин мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2023 оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона, ки аз 27-ум то 30-юми январ дар шаҳри Тошканд доир мегардад, чаҳор тими миллӣ - Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон - барои ҷоизаҳо мубориза мебаранд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон 14 бозигар – 3 дарвозабон ва 11 бозигари майдонӣ – дохиланд:
Дарвозабонҳо: Сайёра Саидова, Рӯзигули Ҳасан, Муниса Гулова (ҳама аз «Зебонисо», Душанбе);
Бозигарони майдонӣ: Некӯбахт Худододова, Карина Мирзоева, Нисо Абдуллоева, Ҷонона Қурбонова, Шамсия Ҳусейнова, Малика Қаюмова (ҳама аз «Зебонисо»), Мадина Фозилова (бе бошгоҳ), Лайло Ҳалимова, Беназир Ҷумъахонзода («Хатлон»), Комила Расулова (Мактаби махсуси захираҳои олимпии №27 «Сокол», Москва), Марҷона Файзуллоева («Зебо», Дӯстӣ).
Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).
Мунтахаби Тоҷикистон бо тимҳои Узбекистон (27-уми январ), Эрон (28-уми январ) ва Қирғизистон (30-юми январ) рақобат мекунад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод» баргузор мешаванд.
Мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA-2023 аз рӯи системи даврӣ дар як давра сурат мегирад ва дар он ҳар даста се бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари имтиёзҳои бадастоварда муайян мегардад.
Ёдовар мешавем, аввалин мусобиқаи қаҳрамонии футзали CAFA, ки моҳи январи соли гузашта дар Душанбе баргузор шуда буд, бо пирӯзии мунтахаби Эрон хотима ёфт. Эрониҳо дар ҷадвали мусобиқа бо 16 имтиёз мақоми аввалро касб намуда, бо Ҷоми қаҳрамонӣ ва медалҳои тилло сарфароз гардиданд.
Мунтахаби Узбекистон, ки бо 13 имтиёз мақоми дувумро азони худ кард, бо медалҳои нуқра мукофотонида шуд. Мунтахаби Қирғизистон, ки бо 4 имтиёз дар ҷойи севум қарор гирифт, медалҳои биринҷиро соҳиб гашт. Мунтахаби Тоҷикистон бо як имтиёз дар зинаи охирин – чаҳорум - ҷойгир шуд.