Созмони ҷаҳонии туризм, як ниҳоди зертобеи Созмони Милали Муттаҳид аввали ин ҳафта эълон кард, ки шумори сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ дар соли 2022 дар муқоиса ба як соли пеш ду баробар шуд. Бинобар бекор кардани маҳдудиятҳои сафар ба вижа дар Чин, пешбинӣ мешавад, ки дар соли 2023 чунин сафарҳо ба давраи қабл аз КОВИД-19 наздик хоҳад шуд.
Ин ниҳод дар гузориши худ афзуд, ки шумораи сафарҳои байналмилалӣ дар соли 2021 ҳудуди 415 миллион буд ва дар соли 2022 рушди чашмгир дошт ва ба ҳудуди 917 миллион афзоииш ёфт. Шумори сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ дар соли 2022 баробар ба 62 дарсад аз давраи пеш аз пандемия буд, вале Созмони ҷаҳонии туризм тахмин мезанад, ки дар соли 2023 ба ҳудуди 80 то 95 дарсади давраи қабл аз маҳдудиятҳои КОВИД-19 афзоиш меёбад.
Ин ниҳод пешбинӣ мекунад, ки афзоиши шумори сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ бинобар афзоиши талабот ба хусус, дар Осиёи Шарқӣ ва Австралия ва бекор шудани маҳдудиятҳои КОВИД-19 дар ин қисмати ҷаҳон, идома хоҳад ёфт. Тибқи пешгӯии ин ниҳод, сафари мардум ба ҳадафи сайёҳат дар соли ҷорӣ дар Аврупо ва Амрико низ афзоиш хоҳад ёфт.
Зери таъсири муқаррароти сахтгиронаи ҳукумати Чин дар мубориза бо паҳншавии вируси КОВИД-19, ҳама сафарҳои хориҷӣ ба Чин ҳудуди се сол мамнуъ ва дар аввалҳои моҳи январи имсол дигарбора оғоз шуд. Ин сиёсат ба бахши сайёҳӣ дар аксари кишварҳои Осиёи шарқӣ ва ба вижа, Ҷопон ва Тайланд, ки чиниҳо аз ҳама бештар ба ин кишварҳо сафар мекардаанд, таъсири сахт гузоштааст.
Созмони ҷаҳонии туризм дар бахши дигаре аз ин гузориш мегӯяд, "дар соли 2019 Чин яке аз асоситарин ҷойҳо барои сафарҳои хориҷӣ буд ва бекор кардани маҳдудиятҳои вобаста ба КОВИД-19 аз сӯи ин кишвар дар барқарор кардани бахши ҷаҳонгардӣ нақши бисёр муҳиме хоҳад дошт.
Ин гузориш дар айни ҳол ҳушдор медиҳад, ки таваррум, фоизҳои бонкӣ, нигаронӣ аз рукуди иқтисоди ҷаҳонӣ ва бесуботӣ ва норушаниҳо бинобар ҳамлаи низомии Русия ба Украина, мумкин аст ба раванди эҳёи бахши ҷаҳоргардии байналмилалӣ дар соли 2023 латма бизанад.
Ин гузориш меафзояд, "пешбинӣ мешавад, ки аксари гардишгарон таҳти таъсири вазъияти иқтисодии душвор дар пайи сафарҳои арзонтар ва наздиктар ба кишвари худ бошанд".
Шумораи сафарҳои сайёҳии байналмилалӣ ба Аврупо дар соли 2022 ба ҳудуди 80 дарсад аз давраи қабл аз КОВИД-19 афзоиш ёфт. Сафарҳои байналмилалии сайёҳӣ ба Африқо ва Амрико дар муқоиса ба давраи қабл аз КОВИД-19 ҳудуди 60-65 дарсад ва дар Осиёи Шарқӣ, ки муқаррароти сахтгирона доштанд, ҳудуди 23 дарсад буд.
Дар аксари ҷойҳои туристии пуртарафдор даромад аз сафарҳои гардишгарии байналмилалӣ афзоиш ёфтааст ва ба назар мерасад, ки дар соли 2022 бисёре аз мусофирон муддати тӯлонитаре ба истироҳат рафта ва дар давоми сафар пули бештар харҷ кардаанд.
Оҷонси омори Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки ҳудуди якуним миллион сайёҳи хориҷӣ дар соли 2022 аз ин кишвар дидан кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2021 ҳудуди 3,3 баробар бештар аст.