Аз сардӣ дар Афғонистон 16 нафар ҷон дода, ҳазорҳо чорво талаф шуд

Акс аз бойгонӣ.

Сардиҳои ахир дар Афғонистон боиси ҳалокати одамон шуда, ҳазорон чорво низ талаф шуданд. Ҳукумати зери раҳбарии Толибон эълон кард, ки қурбониёни ин сардиҳо аз вилоятҳои Бодғис, Форёб, Нимрӯз ва Ғазнӣ мебошанд.

Мулло Ҷонон Соиқ, раиси бахши коҳиши хатарҳо дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҳукумати Толибон дар як навори видеоӣ гуфтааст, ки бар асари барфборӣ ва сармо дар ин кишвар 16 нафар ҷон бохтанд. Ба гуфтаи ӯ, аз 3 то 4 ҳазор чорво низ талаф шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон низ аз ҷон бохтани як зан ва ду кӯдак бар асари сармо дар минтақаи Кӯҳистоноти ноҳияи Оқинаи вилояти Ҷузҷон хабар додааст.

Хабаргузории давлатии "Бохтар", ки зери назорати Толибон аст, низ хабар додааст, ки бар асари сармо дар ноҳияи Боломурғоби вилояти Бодғис як зан ва се тифл ҷон бохтанд.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин аз талаф шудани беш аз ду ҳазор чорво дар вилояти Нимрӯз гузориш додааст. Бар пояи гузориш аз қавли мақомот, ин ҳайвонот бар асари сармо ва бодҳои сахт дар як ҳафтаи гузашта талаф шудаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз беморӣ ва ҷон бохтани кӯдакон ва калонсолон дар минтақаҳои мухталифи ин кишвар хабар дода мешавад.

Нозирони умум мегӯянд, ки имкон дорад, ки талафоти афроди осебпазир бар асари сардиҳо ба маротиб бештар бошад.

Мавҷи сармои сахт аз аввали ҳафтаи гузашта вориди минтақа шуд ва Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон ва бархе кишварҳои дигарро фаро гирифт. Дар шуморе аз ин кишварҳо мардум бо мушкили маводи сӯхт рӯбарӯ шуда ва дар кори хадамоти коммуналӣ мушкил пеш омад.

Вазъияти инсонӣ дар Афғонистон дар ҳоли ҳозир ногувор мебошад, чун кӯмакҳои башардӯстона ҳоло зери таъсири масоили сиёсӣ қарор гирифтааст. Аз як сӯи зимистон сард, аз сӯи дигар бекорӣ ва сиёсатҳои сахтгиронаи Толибон ва маҳдудиятҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, вазъияти мардумро душвор кардааст. Дар ҳоли ҳозир мардуми Афғонистон аз ҳама бештар ба кӯмакҳои башарӣ ниёз доранд.

Се ҳафта пеш фаъолияти ниҳодҳои кӯмакрасон дар Афғонистон бинобар маҳдудиятҳои Толибон ба кори занон дар муассисаҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ, коҳиш ёфт.

Аммо муассисаи Ҳимоят аз кӯдакон ( Save the Children) рӯзи душанбе эълон кард, ки фаъолияти худро дигарбора оғоз кард. Зеро мақомҳои Толибон ваъда додаанд, ки ба фаъолияти кормандони зани ин муассиса мухолифат надоранд.

Шумораи каме аз муассисаҳои кӯмакрасон, ки дар бахшҳои ғизо ва хадамоти беҳдоштӣ фаъолият доранд, кӯмакҳои башардустонаи худро идома медиҳанд, вале фаъолияти аксари ин ниҳодҳои имдодрасон бинобар маҳдудиятҳои Толибон қатъ шудааст.