Азиза Ҳайдарова 10 сол аз озодӣ маҳрум шуд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Котибаи як додраси пешинро, ки бо "ҳукмҳои сафед"-аш маъруф аст, вале ҳоло дар боздошт қарор дорад, ба даҳ сол зиндон маҳкум карданд. Азиза Ҳайдароваи 23-сола ба "қаллобӣ", "исрофкорӣ" ва "сохтакории далелҳо" гунаҳкор шудааст. Худаш ҳукмро ноодилона медонад.