Беморони зардпарварин дар Тоҷикистон зиёд шудаанд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар доданд, ки шумораи мубталоёни бемории зардпарвин (гепатити А) дар кишвар наздик ба 15 дарсад афзудааст. Ба гуфтаи пизишкон, беморӣ маъмулан дар айёми тирамоҳ бештар мешавад, аммо имсол "аз меъёр зиёдтар аст".