Зеленский: "Мо ба сулҳ омодаем, сулҳ барои тамоми кишвар" ВИДЕО

Раиси ҷумҳури Украина дар Херсон

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, рӯзи 14-уми ноябр дар ҷашни озодии шаҳри Херсон аз таҷовузи Русия ширкат кард. Ҳафтаи гузашта дар зери фишори нерӯҳои украинӣ артиши Русия аз ин шаҳр, ки моҳи феврал ишғол карда буданд, берун шуданд.

Зеленский дар як ҷамъомади ботантана дар рӯ ба рӯйи идораи ҳукумати шаҳр гуфт: "Мо ба сулҳ омодаем. Сулҳ барои тамоми кишварамон".

Раҳбари Украина ба паймони НАТО ва ба вижа ба Иёлоти Муттаҳида ибрози сипос кард. Вай гуфт, пойгоҳҳои мушакии Ҳаймарси Амрико ба ҷанг дар Украина тағйири ҷиддӣ овардааст. Мардуми зиёде бо парчамҳои Украина ба пешвози Зеленский баромада буданд.

Херсон дар рӯзҳои аввали ҳамлаи Русия ба Украина ишғол шуда буд. Ҳафтаи гузашта Русия 30 ҳазор низомиашро аз Херсон берун кашида, дар соҳили муқобили рӯди Днепр ҷойгир намуд.

Хабарнигори "Рейтерс", ки рӯзи душанбе ба Херсон сафар кард, мегӯяд, хадамоти шаҳр назму субот ва ҳаёти маъмулиро барқарор мекунанд.

Максим Седин, корманди Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Украина, гуфт, "мо бояд тарғиботи Русияро барканем ва ин корро бо хурсандӣ иҷро мекунем. Мо дар инҷо шиорҳои украиниро ҷой медиҳем."

Феълан Херсон аз обу барқ ва интернет маҳрум аст, вале сокинон мегӯянд, аз ҳама муҳим озодӣ аст.

Михайло, сокини Херсон, мегӯяд, "мо омодаем, чанде зарур бошад, барои Украина вазниниро пушти сар кунем. Албатта, мехоҳем, ки ҳаёти маъмулӣ зудтар барқарор шавад. Обу барқ интернет дошта бошему фарзандам ба мактаб равад. Боз ҳам, бо ҳамаи камбудиҳо, аз пештара беҳтар аст."

"Ин обро на барои нӯшидан, балки барои шустани дегу табақ мегирем. Меҷӯшонем ва истифода мебарем," – илова кард Иҳор, сокини дигари Херсон.

Мисли рӯзҳои охир иртиботи мобилии шаҳри Херсон хуб кор намекунад. Сокинони Херсон ба хабарнигори "Рейтерс" изҳори умед кардаанд, ки озодӣ бошад, рӯзгори онҳо низ обод хоҳад шуд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Зеленский дар Херсон гуфт, ба сулҳ омодаанд