Дар ҳоле, ки артиши Украина бо суръат минтақаҳои ишғолшударо аз дасти неруҳои Русия озод мекунад, Владимир Путин аз “фоҷеаи ҳастаӣ” дар неругоҳи Запороже ҳушдор дод. Аммо Эммануел Макрон аз Путин хостааст, неруҳои кишварашро аз Запороже берун барад.
Владимир Путин рӯзи 11-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ бо Эммануел Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ҳушдор дод, ки “ҳамлаҳои неруҳои низомии украина” ба неругоҳи Запороже дар манотиқи таҳти контроли низомиёни Русия метавонад “оқибати фоҷеабор” дошта бошад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Киев, нерӯҳои украин ба пешрафти ҳарбии худ идома медиҳанд ва то ҳол зиёда аз 20 деҳаро озод кардаанд.
Эммануел Макрон дар ин суҳбат ба Владимир Путин гуфтааст, хатари асосӣ ҳузури неруҳои низомии рус дар неругоҳи Запороже ҳастанд. Раиси ҷумҳури Фаронса аз Владимир Путин даъват кард, ки неруҳои Русияро аз неругоҳи Запороже ақиб кашида, ҷангро дар ҳудуди Украина қатъ кунад.
Дар изҳороти Кремл гуфта мешавад, ки раҳбарони ду кишвар омодагии худро барои “ҳамкориҳои ғайрисиёсӣ” дар масъалаи нерӯгоҳи Запороже бо ширкати Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ баён кардаанд.
Як рӯз пеш раиси ҷумҳури Фаронса вазъ дар неругоҳи Запорожеро бо ҳамтои украиниаш Владимир Зеленский баррасӣ карда буд.
Запороже калонтарини неругоҳи ҳастаии Аврупо тайи ҳафтаҳои охир зери бомбаборони пайваста буд. Ин кор нигарониҳоро дар бораи рух додани як фоҷеаи ҳастаӣ ба миён овардааст.
Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони миллал ҳафтаи гузашта бо ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъи пешомада ҳушдор дод, ки ҳар гуна осебе ба Запороже ё ҳар пойгоҳи ҳастаии дигаре дар Украина, метавонад, боиси як фоҷеаи бузург шавад. Гуттериш изҳор дошт, "ҳама чораҳои лозим барои худдорӣ аз чунин сенария бояд анҷом шавад. Ақли салим ва андешаи ҳамкорӣ, бояд раҳнамои мо дар ин роҳ бошад."
Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ, ки нозиронаш дар Запороже ҳузур доранд, хостори созиши ҳама тарафҳо дар мавриди эҷоди як минтақаи амн дар атрофи ин нерӯгоҳ аст.
Неругоҳи Запороже дар назорати неруҳои Русия аст. Маскав ва Киев ҳамдигарро ба оташкушоӣ ба оташкушоӣ гунаҳкор мекунанд.
Ширкати «Энергоатом»-и Украина хабар додааст, ки кори истгоҳи неругоҳи атомӣ пурра қатъ шудааст.
Бино ба гузориши Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ зарфи дорои равған барои турбинҳо; маҷмаи наздики биное, ки реакторҳо ҷойгир ҳастанд; бинои омӯзиш; биное, ки низоми садамавӣ барои ҳифзи физикии пойгоҳ ҷойгир аст; инчунин контейнере, ки дар он низоми мониторинги сатҳи радиатсия ҷойгир аст, зиён дидаанд.
Намояндагони оҷонсӣ ҳамчунин муайян кардаанд, ки дар ҳудуди неругоҳи ҳастаии Запороже техникаи низомии Русия ҷойгир аст. Онҳо шоҳиди тирборони ҳудуди неругоҳ шудаанд.