СММ: Санадҳои боварибахш дар бораи интиқоли маҷбурии кӯдакони украинӣ ба Русия вуҷуд дорад

Акс аз бойгонӣ.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе 7-уми сентябр гуфт, санадҳои боварибахш дар даст доранд, ки нерӯҳои русӣ бар пояи сиёсатҳои ҷобаҷоии маҷбурии мардуми Украина, ба зӯр кӯдакони украиниро барои фарзандхонӣ ба Русия мебаранд.

Созмони Милали Муттаҳид рӯзи чаҳоршанбе 7-уми сентябр гуфт, санадҳои боварибахш дар даст доранд, ки нерӯҳои русӣ бар пояи сиёсатҳои ҷобаҷоии маҷбурии мардуми Украина, ба зӯр кӯдакони украиниро барои фарзандхонӣ ба Русия мебаранд.

Илзе Брандс Кехрис, ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар Шӯрои Амният гуфт, "иддаоҳои муътабар дар бораи интиқоли маҷбурии кӯдакони бе падару модар ба сарзаминҳои ишғолшуда аз сӯи Русия ё ба қаламрави худи Русия, вуҷуд дорад".

Вай дар идома афзуд, "мо ин нигарониро дорем, ки Русия сиёсатҳои осонеро барои додани шаҳрвандӣ ба кӯдакони бе падару модар дар пеш гирифтааст ва ин иҷозат медиҳад, ки хонаводаҳои рус онҳоро ба фарзандхондагӣ қабул кунанд".

Хонум Кехрис дар идомаи суханронии худ дар нишасти Шӯрои Амният изҳор дошт, ки нерӯҳои русӣ ҳамчунин дар ҳоли иҷрои амалиёти "поксозӣ" ҳастанд, ки дар ҷараёни он украиниҳои муқими сарзаминҳои ишғолшуда, ба таври систематикӣ бозрасӣ мешаванд ва ин бозрасиҳо нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст.

Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои мусаллаҳ ва гурӯҳҳои низомии вобаста ба он, афродро мавриди бозрасии баданӣ қарор медиҳанд ва гоҳе ба зӯр онҳоро бараҳна мекунанд ва ба бозҷӯии онҳо дар бораи гузаштагонашон, робитаҳои хонаводагӣ ва ақидаҳои сиёсиашон мепардозанд.

Ин мақоми Созмони Милали Муттаҳид сипас нисбат ба озори ҷинсии занон ва духтарон дар ҷараёни бозрасиҳо ибрози нигаронӣ кард.

Аммо Василий Набензя, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ин иттиҳомотро рад ва онҳоро "беасос" номид. Ӯ бо ишора ба ҳукумати Киев гуфт, ки украиниҳо "барои наҷоти худ аз дасти як режими ҷинояткор", аз кишвари худ фирор мекунанд.

Вай сипас афзуд, ончи "поксозӣ" номида шуд, чизе нест ҷуз номнависии афрод барои омадан ба Русия. Ин мақомоти русӣ изҳор дошт, "то онҷое, ки мебинем, равияҳои монанд барои вуруди паноҳандагони украинӣ ба Лаҳистон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, вуҷуд дорад".

Чанд соат пеш аз ин нишасти Шӯрои Амнияти СММ дар бораи Украина, Вазорати корҳои хориҷии ИМА гуфта буд, ки дафтари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба таври мустақим ин барномаи "поксозӣ"-ро раҳбарӣ мекунад ва ҳазорон украиниро маҷбур сохтаанд, ки ба Русия бираванд.