Созмони Милал хоҳони қатъи даргириҳо дар атрофи нерӯгоҳи Запороже шуд

Антонио Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, рӯзи 6-уми сентябр дар нишасти Шӯрои Амният ба зарурати поёни даргириҳо дар атрофи нерӯгоҳи ҳастаии Запороже таъкид кард. Нерӯгоҳи калонтарини ҳастаии Аврупо тайи ҳафтаҳои охир зери бомбаборони пайваста буда, ин амр нигарониҳоро дар бораи рух додани як фоҷеаи ҳастаӣ ба миён овардааст.

Дабири кулли СММ бо ибрози нигаронии амиқи худ аз вазъи пешомада ҳушдор дод, ки ҳар гуна осебе ба Запороже ё ҳар пойгоҳи ҳастаии дигаре дар Украина, метавонад, боиси як фоҷеаи бузург шавад. Гуттериш изҳор дошт, "ҳама чораҳои лозим барои худдорӣ аз чунин сенария бояд анҷом шавад. Ақли салим ва андешаи ҳамкорӣ, бояд раҳнамои мо дар ин роҳ бошад."

Чанд соат пеш аз ин суханони Антонио Гуттериш, Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ дар гузорише дар бораи зиёни воридшуда ба нерӯгоҳи ҳастаии Запороже, хостори созиши ҳама тарафҳо дар мавриди эҷоди як минтақаи амн дар атрофи ин нерӯгоҳ шуд.

Ин гузориш таъкид мекунад, ки барои ҳифзи нерӯгоҳ ва дурӣ аз осебҳои бештар, амнияти кормандон ва идомаи кор дар нерӯгоҳ, гулӯлаборони ин нерӯгоҳ бояд фавран бас шавад.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, аз гузориши Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ истиқбол кард ва гуфт, гузориш ба фишорҳо ба кормандони нерӯгоҳи Запороже ва ҳамчунин ишғолгарии Русия ишораи ошкор дорад.

Гузориши Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ мегӯяд, "кормандони украинии нерӯгоҳ, ки дар ишғоли низомии Русия аст, ба хусус бинобар кам будани коркунон, зери фишори шадиде кор мекунанд. Ин вазъият наметавонад идома ёбад ва мумкин аст хатои инсонӣ, пайомадҳои хатарборе дошта бошад."

Аммо Русия аз ин гузориш ибрози таассуф карда, гуфтааст, ки Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ мушаххас накардааст, ки сабабгори бомбаборони нерӯгоҳи Запороже кадом тараф аст.

Василий Набензя, сафири Русия дар нишасти Шӯрои Амнияти СММ, ки Рафаэл Гросси, мудири кулли Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ низ дар он ҳузур дошт, гуфт, "аз гузориши Шумо мутаассифем... омили ин бомбаборон ба таври мустақим ном бурда нашудааст. Мо мавзеи Шуморо ба унвони як ниҳоди байнулмилалӣ дарк намекунем, аммо дар шароити ҳозира бисёр муҳим аст, ки ба таври мустақим ном бибаред."

Русия нерӯҳои украиниро сабабгори бомбаборони нерӯгоҳи Запороже медонад.

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шӯрои амнияти СММ вазъи нерӯгоҳи ҳастаии Украинаро баҳс мекунад