Муфаттишони Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар нерӯгоҳи Запороже мемонанд

Мудири умумии Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ бо вуҷуди даргириҳо сахт дар минтақаҳои атрофи Запороже, рӯзи панҷшанбеи 1-уми сентябр аз ин нерӯгоҳи ҳастаии таҳти ишғоли Украина дидан намуд.

"Энергоатом" - ширкати давлатии энержии Украина, дар сафҳаи "Телеграм"-и худ навишт, ки Рафаэл Гросси пас аз боздид аз ин нерӯгоҳ онро тарк, аммо панҷ тан аз муфаттишони Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ ба таври муваққатӣ ва эҳтимолан то сеюми сентябр, дар нерӯгоҳ боқӣ хоҳад монд.

Хабаргузории "Интерфакс"-и Русия низ бо такя ба изҳороти мақомоти ин кишвар хуруҷи оқои Гросси аз нерӯгоҳро таъйид карда ва навиштааст, ки 8 то 12 бозраси Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, боқӣ хоҳанд монд.

Як масъули таъйиншуда аз сӯи Русия дар ин минтақа, ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки Рафаэл Гросси рӯзи панҷшанбе нерӯгоҳро тарк кард, аммо муфаттишони Оҷонсӣ ҳоло онҷо ҳастанд. "Интерфакс" менависад, ки тими Оҷонсӣ бо 9 мошин ба нерӯгоҳ омада буданд ва бо чаҳор мошин баргаштанд.

Хабаргузории "Франс-Пресс" низ ба нақл аз оқои Гросси навиштааст, ки муфаттишони Оҷонси байналмилалии энержии ҳастаӣ дар нерӯгоҳ боқӣ хоҳанд монд.

Ин нерӯгоҳ ва минтақаҳои атрофи он ҳафтаҳои гузашта саҳнаи даргирӣ ва бомбаборон буда ва бахшҳое аз он низ осеб дидааст. Ин масъала нигарониҳои ҷаҳониро ба миён овард. Украина ва Русия якдигарро ба ҳадаф қарор додани ин нерӯгоҳ муттаҳам кардаанд.

Рафаэл Гросси нимаи дувуми рӯзи панҷшанбе пас аз тарки нерӯгоҳ дар видеое, ки аз сӯи хабаргузории русии "РИА Новости" нашр шуд, гуфт, "мо имрӯз ба дастоварди бисёр муҳиме расидем ва мондани муфаттишони Оҷонс дар ин нерӯгоҳ муҳим аст. Бигузор ҷаҳон огоҳ бошад, ки Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар нерӯгоҳи Запороже аст".

Ӯ эълон накард, ки чӣ теъдод аз муфаттишон дар ин нерӯгоҳ ва то чӣ вақт боқӣ хоҳанд монд, аммо Оҷонсӣ қаблан гуфта буд, ки мехоҳад дар нерӯгоҳи Запороже "ҳузури доимӣ" дошта бошад.

Рафаэл Гросси афзуд, "дар дидори чандсоатаи худ аз бузургтарин нерӯгоҳи ҳастаии Аврупо, маълумоти зиёдие ба даст овард".

Мудири умумии Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ дар идома ба "талоши фидокорона"-и кормандон ва раҳбарони нерӯгоҳ ишора кард, ки бо вуҷуди "шароити бисёр сахт", ба таври ҳирфаӣ ба кори худ идома медиҳанд.

Баъд аз ишғоли ин нерӯгоҳ аз сӯи низомиёни Русия дар аввалин рӯзҳои ҳамла ба ин кишвар, идора кардани ин нерӯгоҳ ҳанӯз дар дасти кормандони украинӣ аст. Русия рӯзи 24-уми феврал ба Украина ҳамла кард.