Симчубҳои бетонӣ ва симчубҳои сохта аз шохаҳои дарахт деҳаи Тутаки ноҳияи Ховалинро ба ду қисм ҷудо кардааст. Қисме, ки ҳукумат ваъда карду насохт ва қисме, ки соҳибкорон ба ваъдаашон амал намуданд.
Мақомот ваъда дода буданд, ки нисфи ин деҳаро ҳукумат ва нисфи дигарро соҳибкорон обод хоҳанд кард.
Мушкили ин деҳа надоштани хатти барқ ва об ба шумор мерафт.
Соҳибкорон нисфи деҳро аз рӯи ваъда бо барқу об таъмин кардаанд, вале нисфи дигари деҳ ҳанӯз обу барқи дуруст надорад.
Маҷиди Мӯҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинг гуфт, талоши бунёдкорӣ дар ин деҳа идома дорад ва соҳибкорон дар онҷо 70 симчуби бетонӣ насб кардаанд.
Ӯ шарҳ надод, ки чаро ҳукумат ваъдаи худро иҷро накард ва аз кори анҷомдодаи соҳибкорон ҳисобот медиҳад.
Деҳаи Тутак аз бинои ҳукумати маҳаллӣ ҳамагӣ ду километр дур аст.
Сокинон деҳа гуфтанд, вақте ҳукумат кумак накард, онҳо бо тавони худ сими барқ кашиданд, ки хатарнок аст.
Як сокини деҳа шиква кард, "ҳукумат барояшон дурӯғ гуфт, вале соҳибкорон ба ваъдаашон амал карданд."
Дар деҳаи Тутак, ки даҳ сол пеш бунёд шудааст, ҳудуди 500 хонавода зиндагӣ мекунад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад