Украинаро барои дар хатар гузоштани сокинони осоишта танқид карданд

Агнес Калламард, Дабири кулли Афви Байналмилал.

Созмони Amnesty International ё Афви Байналмилал нерӯҳои Украинаро ба он муттаҳам кард, ки дар биноҳои истиқоматӣ ва бемористонҳо ҷой гирифта, ҷони сокинони осоиштаро зери хатар мегузоранд. Мақомоти Киев ба ин изҳорот вокуниши шадид карданд.

Агнес Калламард, Дабири кулли Афви Байналмилал гуфт, ки пажӯҳишгарони онҳо ҳангоми таҳияи гузориши худ, ки 4-уми август нашр шуд, “намунаҳое сабт карданд, ки низомиёни Украина дар маҳаллаҳои пуродам ҷойгир шуда, мардуми осоиштаро зери хатар гузоштаанд ва бо ин рафтор қонунҳои ҷангро вайрон карданд.”

Ин гузориш аз ҷониби дастгоҳи тарғиботии Кремл ва расонаҳои Русия ба таври густарда истифода шуд ва Украинаро хашмгин кард.

Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина гуфт, ки созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри ин гузориш байни амалкарди нерӯҳои таҷовузгари Русия ва украиниҳо, ки аз ватани худ дифоъ мекунанд, "баробарии бардурӯғ"-ро намоиш дод. "Ин рафтори Авфи Байналмилал пайдо ва расонидани ҳақиқат ба ҷаҳон нест. Ин намоиши дурӯғин ва баробар нишон додани ҷинояткор ва ҷабрдида аст. Ин баробар нишон додани кишваре, ки садҳо ва ҳазорон ғайринизомиён, деҳаҳо, қаламравҳо ва шаҳрҳоро несту нобуд мекунад ва кишваре, ки ноумедона худро дифоъ мекунад, мебошад,”-гуфт, ӯ.

Олексий Резников, вазири дифоъи Украина, ин гузоришро барои зери суол бурдани талошҳои украиниҳо ба хотири дифоъ аз ватанашон "таҳриф" номид.

"Хурдтарин талош барои тавҷеҳи таҷовузи Русия ва нодида гирифтани худдифоии Украина, мисли гузориши Афви Байналмилал, далели аз даст додани адолатҷӯи ва беобрӯ кардани худ аст,"—навиштааст, ӯ.

Раҳбари созмони Афви Байналмилал гуфт, "дар мавқеи дифоӣ қарор доштан артиши Украинаро аз эҳтиром ба қонунҳои байналмилалии башардӯстона озод намекунад.”

Ин созмон гуфтааст, ки дар 19 шаҳру деҳот аз се минтақаи ин кишвар далелҳои сӯистифодаи нерӯҳои украинӣ аз манзилҳои зист ва маҳаллаҳои аҳолинишинро сабт кардааст. Ба гуфтаи таҳқиқгарони созмон, далелҳо дар миёнаҳои моҳи апрел ва июл сабт шудаанд.

Инчунин, Афви Байналмилал дар гузоришаш навиштааст, ки низомиёни Украина дар панҷ ҷой бемористонҳоро ҳамчун пойгоҳҳои низомӣ истифода мекунанд, ки он "нақзи ошкори қонуни байналмилалии башардӯстона" аст. Ин созмон аз ду ҷониби ҷанг хостааст, ки сокинони осоиштаро зери хатар нагузоранд ва аз макони зисти онҳо сӯистифода набаранд.

Дар гузориш таъкид шудааст, ки танқиди низомиёни Украина барои истифода аз маҳаллаҳои аҳолинишин ба маънои нодида гирифтани ҳамлаи худсаронаи Русия нест.

Ин созмон гуфтааст, дар минтақаҳои аҳолинишине, ки ба хулоса омада буданд, Русия ҷинояти ҷангӣ содир кардааст, далеле барои ин гуфта пайдо накарданд ва маълум шудааст, ки дар он минтақаҳо бештар нерӯҳои украинӣ ҷойгир будаанд.

Михайло Подоляк, мушовири президенти Украина дар саҳифааш дар Твиттер созмони Афви Байналмилалро ба он муттаҳам кардааст, ки дар маъракаи дурӯғпароканӣ алайҳи Украина бо Русия шарик шудааст.

Ӯ гуфтааст, ки “ Маскав талош дорад, ки нерӯҳои низомии Украинаро дар назди кишварҳои ғарбӣ бо истифода аз шабакаҳои ҷосусиаш бадном кунад ва ба барномаи кумаки низомӣ халал ворид кунад." Подоляк навиштааст, ки “афсӯс, Афви Байналмилал дар ин маърака ширкат мекунад.”

Гузориш тавре навишта шудааст, ки гӯиё Русия дар ҳамла ба манотиқи ғайринизомӣ ҳақ дорад, чун низомиёни украинӣ дар он ҷо мавқеъ доранд.

Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия дар Telegram навишт, ки онҳо борҳо дар ин бора гуфтаанд ва ба андешаи ӯ, нерӯҳои Украина сокинони одиро ҳамчун “сипари зинда” истифода мекунанд.

Русия рӯзи 24-уми феврал бесабаб ба Украина ҳамла кард. Аз он замон то кунун, ҳазорон нафар куштаву захмӣ ва миллионҳо нафар гуреза шудаанд.