Пайвандони панҷ нафаре, ки дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб зери хок ҳалок шуданд, аз кори хадамоти ёрирасон норизоянд.
Рӯзи 24-уми июл бар асари чаппа шудани тепаи хок панҷ нафар дар ин деҳа фавтиданд. Ин ҳодиса дар хонаи Ҳақназар Абдулоеви 45-сола рӯх дод. Ҳақназар он рӯз барои харгушонаш хона месохт. Чаҳор кӯдаки ҳамсоя,
- Баракатулло Шарипови 12-сола
- Ёқуб Сангови 10-сола
- Ёсинҷон Сангови 9-сола
- ва Файзулло Сангови 6-сола ҳамроҳаш буданд.
Онҳо кори Ҳақназарро тамошо доштаанд.
Зулфия Шарифова, зане, ки се писарашро дар ин ҳодиса аз даст додааст, гуфт, агар Ёрии таъҷилӣ ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода саривақт ба ҷойи ҳодиса мерасиданд, шояд онҳо наҷот меёфтанд.
“Дирӯз агар Ёрии таъҷилӣ мебуд, фарзандонам инхел намешуданд. Бачаҳома аз зери хок зинда гирифтам, Ёрии таъҷилӣ набуд. То беморхона бурдем, ки мурданд. Бачаҳома бурда таги хок кардам.”,--гуфт ӯ.
Танҳо як писари ин зан саломат мондааст, ки замони ҳодиса онҷо набудааст. Ҷасадҳо аз зери хок бо талоши сокинони деҳа берун карда шуданд.
Бахтиёр, бародари Ҳақназар, мегӯяд, деҳаашон роҳи дуруст надорад ва ҳаракати мошини Ёрии таъҷилӣ низ мушкил аст. Ӯ гуфт, ин ҳодиса нишон дод, ки роҳи деҳаи онҳо бояд ҳатман дуруст шавад, то дар лаҳзаи зарурӣ имкони ҳаракати мошин пайдо шавад.
Деҳаи Сангпар дар ҷамоати Зиракии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст. Дар ин деҳа ҳудуди 300 хонавода зиндагӣ мекунанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Зери хок монданд." Ҳалокати 5 кас дар Кӯлоб