Нерӯҳои Русия ба ҳамлаҳояшон ба минтақаи Донбасс идома додаанд. Мақомоти Украина гуфтанд, вазъият дар хатти аввали ҷабҳа дар шарқи он кишвар "комилан душвор" аст.
Сергей Ҳайдай, волии низомии Луҳанск, гуфт, нерӯҳои Украина ба дифоъ аз минтақаҳои Лисичанск ва Северодонетск идома медиҳанд. Ҷое, ки ба гуфтаи ӯ "ҷанги сахттарин" ҷараён дорад.
Ҳайдай ба телевизиони миллии Украина гуфтааст, нерӯҳои Русия назорати бисёре аз бахшҳои Севердонетскро ба даст доранд, аммо ба қавли ӯ, корхонаи кимиёвии «Азот»-ро нагирифтаанд. Бино ба гузоришҳо, садҳо ғайринизомӣ дар онҷо паноҳ бурдаанд.
Волии низомии Луҳанск афзудааст, роҳе, ки Лисичанск ва Севердонетскро ба шаҳри Бахмут мепайвандад, пайваста зери оташборон аст.
Ин мақоми украинӣ афзуд, Лисичанск тамоми рӯз саҳнаи ҳамлаҳои густарда аз тарафи Русия аст ва шояд то ҳанӯз чунин ҳамлаҳои сангинро таҷриба накарда бошад. «Мушаххас кардани шумори талафот мумкин нест,» -- илова кардааст ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Владимир Зеленский, раисиҷумҳури Украина, ҳушдор додааст, ки Маскав ба хотири наздик шудани тасмимгирии Шӯрои Аврупо дар мавриди номзадии Украина ба узвияти Иттиҳоди Аврупо «бисёр асабонист».
Зеленский ҳамчунон афзоиши ҳамлаҳои Русия пеш аз ҷаласаи сарони Иттиҳоди Аврупоро пешбинӣ кардааст. Ӯ рӯзи 20-уми июн дар суханронияш афзуд, барои инки ҳеч касе дар мавриди шоиста будани Украина ҷиҳати касби номзадӣ ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо шак накунад, ҳар кореро анҷом хоҳанд дод.
Чанд рӯз пас аз он ки ҳамлаи бесабаби Русия бар Украина дар 24-уми феврали имсол оғоз шуд, Украина барои касби узвияти Иттиҳоди Аврупо дархост дод.
Сипас Молдова ва Гурҷистон низ дар пайи таҳдиде, ки бар асари ҳамлаи Русия ба Украина дар минтақа эҷод шудааст, дархости узвият дар ин Иттиҳодро доданд.
Қарор аст, раҳбарони 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо рӯзҳои 23 ва 24-уми июн дар ҷаласае дархостҳои се кишварро баррасӣ кунанд.