Шиноснома, пул ва таблиғот. "Русификатсия" дар минтақаҳои ишғолшуда дар Украина. ВИДЕО

Дар Мариуполи Украина барномаҳои таблиғотии Русияро намоиш медиҳанд

Русия дар баъзе аз минтақаҳои ишғолкардааш дар Украина ба ташвиқ ва "русификатсия" ё русикунонии аҳолӣ сар кардааст. Дар ин минтақаҳо дар баробари намоиши барномаҳои телевизионии Русия тақдими шаҳрвандиро пешниҳод карда, додугирифтро бо рубли русӣ ба роҳ монданд. Мансабдорони украинӣ ба шаҳрвандон ҳушдор додаанд, ки хиёнат ба ватан ҷазои сахте дорад.

Таълими таърихи Русия

Дар шаҳри Мариупол, ки моҳҳо боз зери тиру тӯпхонаи низомиёни Русия аст, дар экранҳои калон ба сокинон барномаҳои тарғиботии расонаҳои Русияро намоиш медиҳанд.

Ҳангоми таътили тобистона дар инҷо дари мактабҳо ба рӯйи кӯдакон боз мемонад. Давоми се моҳ хонандагони украиниро барои таҳсил бар асоси барномаи таълимии Русия омода мекунанд. Қарор аст, ба онҳо дарси забону адабиёти рус ва таърихи Русия омӯзонида шавад. Беш аз 50 омӯзгор барои кор дар вақти таътил розӣ шудаанд.

Кремл бо тасвиби санаде пешниҳоди шиносномаи русиро ба сокинони минтақаҳои ишғолшуда осон кард. Аммо ба гуфтаи Сергей Хлан, вакили Шӯрои вилоятии Херсон, сокинони ин қисмати Украина наметавонанд дар шаҳри худ санадҳои Русияро бигиранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Русификатсия" дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина

Симкортҳои фиребанда

Ӯ афзуд: “Пешниҳоди шиносномаи русӣ дар Қрими иғшолшуда сурат мегирад. Хоҳишмандон аз Херсон бояд ба Қрим рафта, шиноснома бигиранд. Як қисми хурд, онҳое, ки бо маъмурият ва низомиёни ишғолгар ҳамкорӣ доранд, эҳтимол шиносномаи Русияро дар инҷо бигиранд. Онҳо баъди озод кардани Херсон ҳукми абад хоҳанд гирифт.”

Харидуфурӯш дар минтақаҳои ишғолшуда бо рубли русӣ ба роҳ монда шудааст. Мақомоти ишғолгари Русия мехоҳанд, сокинон симкортҳои ширкатҳои мобилии Русияро бигиранд. Рақами ин симкортҳо бо "+7" шуруъ шуда, ҳар дақиқаи гуфтугӯ бо Русия ҳамагӣ 5 сент, вале бо Украина 35 сент арзиш дорад.

Русия 24-уми феврали имсол ба Укрина ҳамла кард. Кремлин гуфт, ҳадафаш ғайринизомӣ кардани Украина аст. Киев ва кишварҳои ғарбӣ онро таҷовузи ошкор ба хоки Украина донистанд ва ба зидди Маскав таҳримҳои сахте ҷорӣ карданд.

Нерӯҳои Русия иддао доранд, ки дар бештар аз се моҳи гузашта чанд гӯшаи Украинаро зери тасарруфи худ дароварданд, вале дар аксар минтақаҳо ба ақибнишинӣ маҷбур шуданд. Ҷанг ҳанӯз идома дорад.