Сарбозони захмиро аз "Азовстал" берун оварданд. Зеленский "қаҳрамон" хонд. ВИДЕО

Мариупол

Корвони автобусҳо шаби душанбе сарбозони маҷруҳи украиниро аз корхонаи “Азовстал” аз шаҳри Мариупол берун оварданд. Артиши Украина гуфт, саъй доранд, теъдоди боқимондаи сарбозонро аз корхона берун оранд.

Ганна Маляр, муовини вазири дифои Украина гуфт, “рӯзи 16-уми май 53 сарбози сахт маҷруҳро аз Азовстал барои муолиҷа ба шифохонае дар наздикии шаҳри Новоазовск бурданд. 211 нафари дигарро аз тариқи гузаргоҳи башарӣ ба Олёновка расонданд.”

Ҳамаи сарбозонро ба шаҳрҳое бурданд, ки дар дасти ҷудоиталабони таҳти ҳимояти Русия қарор доранд. Ҳамингуна артиши Украина гуфт, баъди бештар аз ду моҳи бомборони шаҳри Мариупол аз тарафи Русия шаҳр ба тамом таслим шуд. Дар ин муддат шаҳри чандсадҳазорнафарӣ ба харобазор табдил ёфт ва ҳазорон ғайринизомӣ ҳам кушта шуданд.

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, муҳофизони Мариуполро қаҳрамон номид.

“Мо умед дорем, сарбозони худро наҷот мебахшем. Дар байнашон маҷруҳони сахт ҳастанд. Муолиҷа мегиранд. Мехоҳам бигӯям, ки қаҳрамонони Украина ба Украина зинда лозиманд. Усули мо ҳамин аст. Фикр мекунам, гапи моро одамони дуруст мефаҳманд,” – афзуд ӯ.

Вазорати дифои Русия аз ин пештар эълон кард, ки барои интиқоли сарбозони маҷруҳи украинӣ аз “Азовстал” мувофиқат кардааст. Киев гуфтааст, сарбозони украиниро бо сарбозони асирафтодаи рус иваз хоҳанд кард.

Фармондеҳони артиши Украина мегӯянд, муҳофизони “Азовстал” бо истодагарии қотеъ 20 ҳазор сарбози русро саргарми ҷанг нигаҳ доштанд ва имкон надоданд, ки Русия дигар қисматҳои Украинаро зуд ишғол кунад.

Наворро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Сарбозони захмии украинӣ аз корхонаи муҳосирашудаи "Азовстал"-и Мариупол берун шуданд