Нерӯҳои Украина артиши Русияро ба ақиб рондаанд. Маскав аз "ҷанги ниёбатӣ" гуфт

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина

Дафтари президенти Украина дар рӯзи 78-уми ҳамлаи бедалели Русия аз "берун рондани нерӯҳои русӣ аз Харков" хабар дод, аммо дар бораи дастовардҳои артиш тафсилот надод. Президент Владимир Зеленский тасдиқ кард, муваффақиятҳои ахири нерӯҳои украинӣ боис шудааст, то дувумин шаҳри калони ин кишвар аз мушакпарониҳо эмин бимонад. Вай ҳамзамон ҳушдор дод, ки украиниҳо набояд якбора интизориҳои зиёде дошта бошанд.

Артиши Украина дар талош аст, то назорати атрофи дарёи Донетсро ба даст бигирад ва аз ин тариқ хати ҷабҳаи Русияро дар минтақаҳои дурдаст мавриди таҳдид қарор диҳад.

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як манбаи низомии Украина гузориш дод, ки дар пайи идомаи пешравиҳо дар рӯзи гузашта, нерӯҳои украинӣ дар ниҳоят тавонистанд, субҳи чаҳоршанбе ба чандин километрии марзи Русия дар сарҳади Харков бирасанд.

Бар пояи ин гузориш, нерӯҳои украинӣ назорати деҳаи Рубежнаро дар соҳили Донетс ба даст гирифтаанд. Аз моҳи апрел ба ин тараф, ҳамзамон бо ақибнишинии нерӯҳои Русия аз Киев ва шимоли Украина, нерӯҳои украинӣ дар ин минтақа ба пешравии худ идома медиҳанд.

Як сарбози украинӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, фиристодани аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ, бахусус зидди танкҳо дар ақиб рондани нерӯҳои русӣ ба артиши Украина мадади калоне кардааст.

Ин хабаргузорӣ ҳамчунин ба нақл аз манбаъҳои низомии худ таъкид кард, ки артиши Украина муваффақ ба бозпас гирифтани чаҳор деҳа дар шимоли минтақаи Харков шудааст ва нерӯҳои Русияро то наздикиҳои марз ба ақиб рондаанд.

Артиши Русия даргириҳоро дар ин минтақа таъйид кардааст, аммо шарҳи бештар надодааст. Дмитрий Медведев, собиқ президенти Русия, рӯзи чаҳоршанбе Амрикоро ба роҳандозии "ҷанги ниёбатӣ" ё гибридӣ алайҳи Русия муттаҳам кард ва гуфт, ин иқдомот иқтисоди Амрикоро ба дарди сар хоҳад андохт.

Ин изҳорот пас аз он баён мешавад, ки Маҷлиси Намояндагони Амрико рӯзи сешанбе бастаи кумакҳои 40-миллиардолларӣ ба Украина қабул кард.

Ин сиёсатмадори рус дар паёме дар "Телеграм" тасвиби ин бастаи ёриҳоро "талоше барои ворид кардани шикасти ҷиддӣ" ба Русия ва "маҳдуд кардани рушди иқтисодӣ ва нуфузи он дар ҷаҳон" хонд.

Ӯ иддао кард, ки афзоиши "девонавор"-и нархи сӯзишворӣ ва хӯрокворӣ дар Амрико натиҷаи тасмимҳои "мақомҳои русҳарос"-и амрикоӣ аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Сергей Ряков, муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Маскав бо ҳам мулоқот кардаанд. Дар баёнияи сафорати Амрико омадааст, "ИМА ҳамчунон пойбанд ба боз нигаҳ доштани каналҳои иртибототӣ бо ҳукумати Русия аст".

Дар баёнияи кӯтоҳи Вазорати корҳои хориҷии Русия ба ҷузъиёти гуфтугӯҳо дар ин дидори дуҷониба ишора нашудааст.

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия низ рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Маскав хоҳони ҷанг дар Аврупо нест. Ӯ, ки пас аз мулоқот бо ҳамтоёни уммонии худ дар шаҳри Масқат сухан мегуфт, дар айни ҳол кишварҳои ғарбиро муттаҳам кард, ки моиланд шоҳиди шикасти Русия дар маъракаи низомӣ дар Украина бошанд.