Бемористонҳои нави Кӯлоб "ҳаракат мекунанд". ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Бемористонҳои нави Кӯлоб "ҳаракат мекунанд"

Ҳазорон нафар дар Кӯлоб дар дохили мошинҳои сайёр бадани худро ташхис кардаанд.

Дармонгоҳи сайёр, ки дар дохили мошинҳои гаронвазн ҷойгиранд, чор моҳ пеш вориди ин шаҳр шуданд.

Сокинони камбизоат аз шеваи кори онҳо шоданд, чун харҷи онҳоро камтар кардааст.

Рӯзе то 700 нафар барои ташхис дар мошинҳои сайёр худро номнавис мекунанд.

Алам Ҳамидов, сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, “дар инҷо мардум ройгон ташхис мешаванд ва аз кораш розием.”

Дармонгоҳи сайёрро Муассисаи байналмилалии хайрияи шоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ-ибни-Абдулазиз дар доираи барномаи “Фоли Хайр” ба мардуми Кӯлоб тақдим кард.

Ихтиёр Усмонов, як масъул Дармонгоҳи сайёр мегӯяд, дар дохили мошинҳо имкони анҷоми ҳама намуди ташхис вуҷуд дорад.

“Ҳама намуди ташхис гузаронида мешавад, ба ҷуз ташхиси бемориҳои сироятӣ,”—гуфт ӯ.

Қарор буд, дармонгоҳи сайёр танҳо се моҳ дар Кӯлоб кор кунад, вале ҳафтаи гузашта онро ба мардуми минтақа тақдим карданд. Хайрхоҳон ба чунин натиҷа расиданд, ки мардуми минтақа ба ин кумак ниёз доранд.

Мақомот мегӯянд, “дармонгоҳи сайёр барои хидматрасонӣ ба сокинони ноҳияҳои дурдаст ҳаст.”

Мардум пайваста аз гарон будани ташхис дар ташхисгоҳҳо шикоят мекунанд. Ҳоло ташхиси ройгон садҳо нафарро дар навбати Дармонгоҳҳои сайёр қарор додааст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷанҷол дар назди таваллудхона сабаби дар мошин ба дунё омадани тифл шуд. ВИДЕОХона ба хона. "Амалиёт"-и хатна дар Тоҷикистон. ВИДЕОПизишки бекори тоҷик дар Русия дармонгоҳи худро сохтТабибони тоҷик васоили муҳофизатии кофӣ доранд? Эҳтиёҷ ба 1 миллион дасткаш ҳаст. ВИДЕОРоҳи "дури" табобат дар баъзе аз манотиқи ТоҷикистонВорух баъди солҳои интизорӣ соҳиби шуъбаи ҷарроҳӣ мешавад