Амрико: Путин худро барои як ҷанги дарозмуддат дар Украина омода мекунад

Амрико ба ин бовар аст, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия барои як ҷанги дарозмуддат дар Украина омода мешавад.

Эврил Хэйнс, масъули Идораи амнияти миллии Амрико рӯзи сешанбе дар Кумитаи хадамоти низомӣ дар Сенати Амрико гуфт, арзёбиҳои Вашингтон нишон медиҳад, ки президент Путин барои даргирии тӯлонӣ дар Украина омода мешавад, то ба ҳадафҳои фаротар аз минтақаи Донбас даст ёбад.

Ӯ афзуд, ки Путин ба эҳтимоли зиёд бар ин бовар аст, ки Русия нисбат ба душманонаш тавоноӣ ва тамоюли бештар барои таҳаммули чолишҳо дорад. Ба гуфтаи хонум Ҳэйнс, интизор меравад, ки Путин ғайри қобили пешбинӣ мешавад ва метавонад дастури ҳукумати низомиро дар Русия содир кунад.

Дар ҷараёни нишасти пурсиш ва посух дар рӯзи сешанбеи раиси Оҷонси истихбороти дифоии Амрико низ гуфт, ки ҷанг дар Украина ба бунбаст расидааст. "Русҳо дар ҳоли баранда шудан нестанд ва украиниҳо ҳам дар ҳоли баранда шудан нестанд ва мо то ҳудуде бо як бунбаст рӯбарӯ ҳастем",-афзуд ӯ.

Русия рӯзи 24-уми феврали соли ҷорӣ ба Украина ҳамла кард. Кишварҳои ғарбӣ аз ин амалкарди Русия интиқод карданд ва таҳримҳои сахти иқтисодӣ алайҳи Маскав ҷорӣ намуданд.

Аз сӯи дигар, Русия рӯзи гузашта гуфт, ки дар нишасти вижаи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар мавриди Украина иштирок нахоҳад кард. Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид рӯзи гузашта эълон кард, ки нишасти вижаро бар асоси дархости Украина ба ҳадафи арзёбии вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар баргузор мекунад.

Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки намояндаи ин кишвар дар ин нишаст иштирок нахоҳад кард. Захарова ин нишастро "намоиши нави сиёсӣ" хонд, ки ба гуфтаи ӯ, зери пӯшиши як нишасти фавқулодда, созмондеҳӣ шудааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки аз оғози ҷанги Русия дар Украина беш аз панҷ миллион украинӣ маҷбур ба тарки кишварашон шудаанд. Садҳо нафар ҳам дар ин ҷанг кушта шудаанд.