Боздиди президентҳои чор кишвари Аврупои Шарқӣ аз Киев

Президентҳои чаҳор кишваре, ки дар ҳамсоягӣ ё наздикии Русия қарор доранд, рӯзи 13-уми апрел ба Киев рафтанд ва ба ҳимояташон аз Киев таъкид намуданд.

Сафари раҳбарони Лаҳистон, Латвия, Литва ва Эстония намоиши қудратманди ҳамбастагии ин кишварҳои ҷабҳаи НАТО бо Украина хонда шудааст. Латвия, Литва ва Эстония дар гузашта монанди Украина узви Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.

Раҳбарони ин чаҳор кишвар бо қатор ё поезд ба Киев, пойтахти Украина, сафар карданд, то бо Владимир Зеленский, ҳамтои украинии худ, мулоқот кунанд. Онҳо ҳамчунин аз шаҳраки Бородянка дидан карданд. Бородянка яке аз шаҳракҳои атрофи Киев аст, ки пас аз ақибнишинии нерӯҳои русӣ ҷасади бисёре аз ғайринизомиён дар он пайдо шуд.

Гитанас Науседа Новсадо, президенти Литва, дархост кард, ки таҳримҳои сахттар, аз ҷумла алайҳи содироти нафт ва гази Русия ва бонкҳои он кишвар ҷорӣ шавад.

Ҳамчунин, Андже Дудо, раиси ҷумҳури Лаҳистон, таъкид кард, "мо аз таърих огоҳем. Медонем ишғолгарии нерӯҳои русӣ яъне чӣ. Медонем терроризми русӣ яъне чӣ."

Вай сипас таъкид кард, ҳам касоне, ки дар Украина муртакиби ҷинояти ҷангӣ шудаанд ва ҳам касоне, ки дастури онро содир кардаанд, бояд муҳокима шаванд.

Раисҷумҳури Лаҳистон ҳамчунин гуфт, "агар касе ҳавопаймо бифиристад, агар касе нерӯи низомӣ барои бомбаборони минтақаҳои зист бифиристад, ғайринизомиёнро бикушад, дигар ин ҷинояти ҷангӣ ба шумор намеравад. Ин зулм аст, терроризм аст."

Владимир Зеленский дар суханронии шаби гузаштаи худ хитоб ба мардуми Украина эълон кард, ки Карим Хон, додситони Додгоҳи байнулмилалӣ аз шаҳри Буча дидор кардааст. Шаҳре, ки дар атрофи Киев воқеъ аст ва беш аз 400 ҷасад дар он пайдо шудааст.

Кашфи ин ҷасадҳо, ки ё дар кӯчаҳо партофта шуда ё дар гӯрҳои дастҷамъӣ пайдо шуданд, хашми ҷомеаи ҷаҳониро барангехт ва Маскав ба ҷинояти ҷангӣ дар Украина муттаҳам шуд. Раҳбарони Русия ин иттиҳомро рад карда, мегӯянд, ки саҳнаҳои Буча аз сӯи украиниҳо "сохтакорӣ" шудаанд.

Русия рӯзи 24-уми феврали солӣ ҷорӣ ба ҳадафи "ғайринизомӣ" кардани Украина ба ин кишвар ҳамла кард. Маскав ин ҳамларо "амалиёти вижаи низомӣ" мехонад. Украина "таҷовузи ошкор" ба тамомияти арзии худ медонад.