НАТО Чинро муттаҳам кард, ки бо "дурӯғҳои ошкор" аз Русия ҳимоят мекунад

Дабири кулли НАТО рӯзи чаҳоршанбеи 23-юми март Чинро муттаҳам кард, ки дар ҳамлаи низомӣ ба Украина аз Русия ҳимояи сиёсӣ мекунад ва ба Пекин дар мавриди "кӯмакҳои моддӣ" ба Маскав, ҳушдор дод.

Йенс Столтенберг дар остонаи нишасти изтирории кишварҳои аъзои НАТО гуфт, "Чин ба шаклҳои гуногун, аз ҷумла нашри дурӯғҳои ошкор ва маъмулоти гумроҳкунанда аз Русия пуштибонии сиёсӣ кардааст ва аъзои НАТО дар бораи кӯмакҳои моддии эҳтимолии Чин ба Русия барои ҳамла ба Украина, нигарон ҳастанд".

Ӯ афзуд, "интизор дорам раҳбарони кишварҳои узви НАТО дар поёни нишаст аз ҳукумати Чин бихоҳанд, ки ба масъулиятҳои худ ба унвони як узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид, амал кунад".

Дабири кулли НАТО дар идома гуфт, ки дар ҳамин росто Пекин бояд аз пуштибонии моддии худ аз Русия парҳез кунад ва мисли дигар кишварҳои ҷаҳон хостори поёни фаврӣ ва сулҳомези бӯҳрони Украина шавад.

Пекин то ба ҳол ҳамлаи низомии Русия ба Украинаро маҳкум накардааст ва аз истифодаи лафзи "таҷовуз" дар ин замина худдорӣ мекунад. Бо ин ҳол, Чин хостори ҳаллу фасли буҳрони ҷорӣ аз тариқи гуфтугӯ шудааст.

Дабири кулли НАТО ҳамзамон дар мавриди хатари табдил шудани ҷанги Украина ба як рӯёрӯии ҳастаӣ байни Ғарб ва Русия ҳушдор дод. Ӯ гуфт, "Русия бояд ин гуфтумони хатарнок ва ғайримасъулона дар мавриди ҷанги ҳастаиро поён диҳад. Вале ҳеҷ кас набояд шак дошта бошад, ки НАТО дар ҳар шароите омодаи дифоъ аз кишварҳои узв дар баробари ҳар гуна таҳдиде аст".

Ҳафаи гузашта Ҷек Сулливан, мушовири амнияти миллии Амрико дар як нишасти ҳафтсоата бо мушовири баландпояи сиёсати хориҷии Чин, хоҳони "шаффофияти бештар"-и мавзеи Пекин дар робита бо Русия шуд. Пас аз ин дидор, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико низ рӯзи ҷумъа дар тамоси видеоӣ бо ҳамтои чинии худ дар ин бора гуфтугӯ кард ва дар бораи паёмадҳои кӯмаки эҳтимолии Чин ба Русия барои сабук кардани таҳримҳо, бори дигар ҳушдор дод.

Русия ва Чин ахиран ва ҳамзамон бо афзоиши фишорҳои Ғарб ба ин ду кишвар дар заминаҳои мухталиф, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи башар ва дигар масъалаҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои дуҷонибаи худро тақвият кардаанд. Владимир Путин ва Си Ҷинпин, президентҳои Русия ва Чин рӯзи чаҳоруми феврал, ҳудуди се ҳафта қабл аз оғози ҳамлаи Русия ба Украина, бо якдигар дидор карданд ва ба муқобила бо "нуфуз"-и Амрико таъкид намуданд.

Оқои Йенс Столтенберг афзуд, "Русия бояд дарк кунад, ки ҳеҷ гоҳ дар як ҷанги ҳастаӣ пирӯз нахоҳад шуд. НАТО дар ҷанги Украина даргир нест. Ҳарчанд ба Украина кӯмаки низомӣ медиҳад, вале дар ин ҷанг иштирок надорад".

Дабири кулли НАТО таъкид кард, ки ин созмон ба Украина нерӯ намефиристад. "Албатта кӯмак ба Украина бисёр муҳим аст ва мо кӯмакҳои худро афзоиш медиҳем. Вале дар айни ҳол бисёр муҳим аст, ки аз табдил шудани ҷанги Украина ба як ҷанг байни НАТО ва Русия пешгирӣ кунем",-афзуд ӯ.

Дабири кулли НАТО дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт, ки Белорус ҳатто пеш аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина "шарики ҷурм"-и Маскав будааст. "Белорус ба Русия иҷоза дод аз хоки он кишвар барои таҷаммуи нерӯ ва омодагии ҳамла ба Украина истифода кунад ва дар тӯли ҷанг низ имконоти низомӣ, аз ҷумла пойгоҳҳои низомии худро барои идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба шаҳрҳо ва иншооти ғайринизомии Украина дар ихтиёри Русия қарор додааст", афзуд оқои Йенс Столтенберг.