Украина шарти Русияро напазируфт. Омодагии Зеленский барои гуфтугӯ бо Путин. АКС

Мариупол, Украина, 17-уми марти 2022

Украина талаби Русияро дар мавриди таслим кардани шаҳри муҳосирашудаи Мариупол напазируфт. Маскав пештар гуфта буд, ки танҳо дар ивази он ба эҷоди гузаргоҳи амн барои берун рафтани одамон аз Мариупол иҷозат хоҳад дод. Дар ҳамин ҳол, Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, бори дигар хоҳони гуфтугӯ бо ҳамтои русаш Владимир Путин шуд.

Шаҳре дар муҳосира

Ҷанги хунин дар Мариупол – шаҳри муҳими бандарӣ дар ҷануби Украина – идома дорад. Сокинонаш ду ҳафта боз дар муҳосира афтода, бе обу хӯрок ва сӯзишворӣ мондаанд. Пеш аз ҷанг дар Мариупол 400 ҳазор нафар кору зиндагӣ мекарданд.

Як дипломати баландпояи Иттиҳоди Аврупо гуфт, Русия бо ҳамлааш ба шаҳри бандарии Мариупол дар ҷануби Украина, ки ҳафтаҳо боз дар муҳосира аст, "ҷинояти азими ҷангӣ" мекунад. Ҷозеп Боррел 21-уми март дар оғози нишасти вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел гуфт, "ончӣ ҳоло дар Мариупол рӯй медиҳад, ҷинояти бузурги ҷангӣ аст. Ҳама чизро вайрон, бомбаборон мекунанд ва ҳамаро мекушанд."

Мариупол ба Русия чӣ медиҳад?

Зери назорат гирифтани Мариупол ба Русия имкон медиҳад, ки Қрим бо минтақаҳои зери назорати Кремл дар шарқи Украина пайваст шавад. Ба гузориши хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс", Русия ба сокинони Мариупол то соати панҷи субҳи душанбе муҳлат дода буд, ки шаҳрро таслим ва парчами сафед баланд кунанд, вале нагуфт, ки дар сурати радди ин пешниҳод ба чӣ иқдоме даст хоҳад зад.

Ба гуфтаи мақомоти украинӣ, хости Русия чанд соат пас аз бомбаборони як мактаби рассомӣ, ки дар он ҳудуди чорсад нафар паноҳ бурда буданд, матраҳ шуд. Михаил Мезентсев, як генерали рус, гуфтаааст, дар иваз иҷоза медиҳанд, ду масири амн аз Мариупол ба тарафи Русия дар шарқ ё нуқтаи дигари Украина дар ғарб боз шавад.

Бо ин ҳол, Ирина Верешчук, муовини нахуствазири Украина, онро рад кардааст. Ӯ ба хабаргузориҳои Украина гуфтааст, "гапи таслим ва ба замин гузоштани аслиҳаро ҳам набояд зад. Мо инро ба тарафи Русия иттилоъ додем. Ман барояшон навиштам, ки ба ҷойи зоеъ кардани вақт барои навиштани ҳашт саҳифа нома, танҳо роҳро боз кунед."

Пётр Андрушченко, шаҳрдори Мариупол, низ пешниҳодро рад кард ва дар Фейсбук навишт, ки барои посух додан ба русҳо ниёз надорад, то субҳ сабр кунад.

Охирин саҳнаҳо аз шаҳри муҳосирашудаи Мариупол

Ҳамла ба мактаб, театр, таваллудхона

Русия рӯзи 20-уми март шаҳри муҳосирашудаи Мариуполро бомбаборон карда, ба як мактаби рассомӣ, ки ҳудуди 400 нафар дар он паноҳ бурда буданд, зарба зад. Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, "раво дидани ин амал, коре, ки ишғолгарон ба як шаҳри осоишта карданд, террор аст ва дар тӯли асрҳо дар ёд хоҳад монд."

Аз он пеш, 16-уми март, Русия ба театре дар Мариупол зарбаҳои ҳавоӣ зад, ки дар онҷо низ садҳо мардуми осоишта пинҳон шуда буданд. Нерӯҳои Русия як таваллудхонаро дар ин шаҳр бомбаборон кардаанд.

Бо вуҷуди далелҳои рӯшан, Русия ҳамлаҳои маргборро ба мардум ва иншооти ғайринизомӣ рад кардааст. Зеленский ва мақомоти дигари украинӣ пас аз ҳамла ба мактаби рассомӣ Маскавро ба ҷинояти ҷангӣ муттаҳам карданд. Бо вуҷуди ин, раҳбари Украина 20-уми март дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфтугӯ бо ҳамтои русаш, Владимир Путинро дигарбора дар миён гузошт.

"Ба музокирот омодаам"

"Ман ба музокирот бо ӯ омодаам. Фикр мекунам, бидуни музокира ба ҷанг поён дода наметавонем. Агар як дарсад шансе барои хатми ҷанг вуҷуд дорад, фикр мекунам, бояд аз ин фурсат истифода кунем... Агар кӯшишҳо ноком шаванд, ин маънои онро дорад, ки ин ҷанги сеюми ҷаҳонӣ аст," -- афзуд ӯ.

Русия рӯзи 24-уми феврали имсол ба Украина бесабаб ҳамла кард. Ҳарду тараф аз талафот мегӯянд, аммо омори дақиқеро ёфтан мушкил аст.

Владимир Зеленский рӯзи 20-уми март дар паёме ба ҷомеаи Русия гуфт, ки ҳудуди 14 ҳазор сарбозу афсари рус кушта шудаанд. Маскав марги ҳамагӣ 498 сарбозу афсарашро эътироф кард. Украина ҳафтае пеш гуфта буд, ки тақрибан 1300 сарбозаш кушта шудаанд.