Охирин таҳаввулоти Украина. Ҳамлаи густурдаи артиши Русия ба Киев

Киев -- пойтахти Украина дар чанд соати ахир ҳадафи ҳамлаҳои мушакии артиши Русия қарор гирифт. Сокинони ин шаҳр наворҳои зиёде аз ҳамлаҳои шабонаи нерӯҳои рус ва фуруд омадани оташ аз осмон, нашр кардаанд. Дар яке аз ин ҳамлаҳо, як бинои истиқоматӣ оташ гирифтааст. Даҳҳо ҳазор нафар аз сокинони Киев шаби гузаштаро дар метро ва паноҳгоҳи зидди ҳамлаи ҳавоӣ сипарӣ карданд.

Нашрияи "Newsweek" ба нақл аз манбаъҳои худ навиштааст, ки системаи дифои ҳавоии Украина як ҳавопаймои русиро сарнагун кард ва бархӯрдани ин ҳавопаймо ба як бино дар Киев, боиси сӯхтор дар он шуд. Хабаргузории "Интерфакс"-и Украина субҳи ҷумъа гузориш дод, ки садои ду таркиш дар Киев шунида шудааст.

Расонаҳо қаблан аз эҳтимоли ҳамлаи густурдаи Русия ба Киев гузориш дода буданд. Нашрияи "Newsweek" ба нақл аз манбаъҳои худ дар Украина навишта буд, ки Киев эҳтимолан шаби ҷумъа ҳадафи ҳамлаи густурда қарор мегирад.

Ин гузориш пас аз изҳороти Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико нашр шуд, ки гуфт, "далелҳо нишон медиҳанд, ки Русия ният дорад Киевро муҳосира ва таҳдид кунад". Блинкен рӯзи панҷшанбе гуфт, "Русия дар садади нақзи густурдаи ҳуқуқи башар дар Украина аст" .

Тибқи гузоришҳои дигар, як бинои дигар ҳам дар Киев ба ҳамин шакл оташ гирифтааст ва дар умум бар асари ин сӯхторҳо се нафар захмӣ шудаанд, ки вазъи ҷисмонии яке аз онҳо вазнин будааст.

Владимир Зеленский субҳи ҷумъа гуфт, "гурӯҳҳои харобкор"-и русӣ вориди Киев шудаанд ва сипас аз мардум хост ҳушёр бошанд ва муқаррароти рафту омадро риоя кунанд. Шаҳрдори Киев рӯзи гузашта дар пойтахт соати комендантӣ эълон кард.

Президенти Украина Владимир Зеленский гуфтааст, кишвар ва мардумаш ҳаросе надоранд, қавиянд ва ба ҳама чӣ омодаанд. Ҳамзамон ҳукумати Украина аз ҳалокати 137 нафар, асосан низомиёнаш дар рӯзи аввали ҷанг хабар додааст. Зеленский дар як паёми видеоӣ хабар дод, ки 316 сарбози украинӣ захмӣ шудаанд.

Вай изҳор дошт, "имрӯз Русия ба тамоми хоки Украина ҳамла кардааст ва имруз нерӯҳои дифоии мо амалкарди хеле хубе доштанд".

Ӯ шикоят кард, Украинаро дар ҷанг бо Русия танҳо гузоштаанд ва афзуд, "кӣ омода аст, дар канори мо биҷангад. Ман ҳеҷ касеро намебинам". Пештар аз ин муроҷиати видеоӣ, Владимир Зеленский фармони даъвати саросарӣ ба артишро имзо кард ва амр дод, ки ба ҷавонону мардони аз 18 то 60-сола ҳаққи берун рафтан аз кишвар дода нашавад.

Артиши Украина эълон кард, ки 30 танк, 5 ҳавопайм ва 6 чархболи артиши Русияро аз байн бурдааст. Ба навиштаи "Newsweek" бо такя ба Вазорати дифои Украина, нерӯҳои вокуниши сареи ин вазорат се чархболи русиро сарнагун кардаанд. Ин вазорат ҳамчунин эълон кард, нерӯҳои украинӣ фурудгоҳеро, ки ҳавопаймоҳои русӣ дар он поин омада буданд, мушакборон кардааст.

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин субҳи панҷшанбеи 24-уми феврал дастури ҳамла ба Украинаро содир кард. Шаҳрҳои гуногуни Украина дар 24 соати гузашта ҳадафи ҳамлаҳои густурдаи Русия аз замин, ҳаво ва баҳр қарор гирифтааст. Кишварҳои ғарбӣ ин ҳамларо маҳкум карда, алайҳи Русия таҳримҳои сахт ҷорӣ карданд.