Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар бораи қатъи дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон посухи рӯшан надоданд. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси ин идора, рӯзи 31-уми январ гуфт, "барои пешгирӣ намудан, таъмини амнияти шаҳрвандон, ҷамъият, давлат, амнияти иттилоотӣ, баъзе чорабиниҳои техникӣ гузаронда мешавад." Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, набудани интернет дар ВМКБ хилофи қонун аст.
Эътироз дар Хоруғ сабаб шуд?
Дар пайи эътирози сокинон дар моҳи ноябри соли 2021, дастрасӣ ба интернет ба Бадахшон қатъ шуд. Беш аз ду моҳ аст, ки ба ҷуз аз идораҳои давлатӣ, сокинони дигари Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ба интернет дастрасӣ надоранд.
Қатъ шудани дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ рӯзи 31-уми январ баҳси гармеро миёни хабарнигорон ва намояндагони Хадамоти алоқа ба миён овард. Илҳомҷон Атоев, муовини раиси Хадамоти алоқа, ба суолҳои батакрор дар бораи сабабҳои набудани интернет дар ВМКБ посухи умумӣ ва аз қабл омодашуда дод.
Атоев гуфт, тибқи қонунгузорӣ мақомот вазифадоранд, "амнияти иттилоотиро таъмин кунанд". Вале муовини сардори Хадамоти алоқа мушаххасан нагуфт, ки дар ВМКБ чӣ хатаре ба амнияти иттилоотӣ ҷой дорад, ки сабаби қатъи интернет шудааст.
Видеои нишасти хабарӣ дар инҷост:
Мушкили думоҳа
Интернет дар Бадахшон баъди эътирози сокинон дар охири моҳи ноябри соли гузашта дастнорас шуд. Намояндагони муътаризон ва ҳукумати вилоят ба созиш расида буданд, ки бар ивази парокандашавии мардум интернет дубора дастрас мешавад. Аммо бо гузашти беш аз ду моҳ ин ваъда ҳанӯз амалӣ нашудааст. Фаъолони вилоят мегӯянд, набудани интернет мушкилиҳои зиёдеро барои мардум эҷод кардааст.
Хуҷамрӣ Пирназаров, сухангӯи "Комиссияи 44", гуруҳи иборат аз фаъолони маданӣ, ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, давоми ду моҳ қариб бист дафъа ба назди мақомот рафта, дархост карданд, ки интернет дастрас карда шавад. "Аввал гуфтанд, ки як-ду рӯз пас мешавад, даҳ рӯз мешавад. Ҳамин хел ду моҳ шуд, ки интернет намедиҳанд, сабабашро ҳам намегӯянд. Мо дар инҷо ягон хатарро намебинем," -- афзуд Пирназаров.
Хулосаи нишасти хабарӣ дар инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дастрасӣ надоштани сокинони ВМКБ ба интернет нигаронии ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овардааст. Аз ҷумла, Платформаи "Ҳамраъйии шаҳрвандӣ", ки аз созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон ва 33 кишвари дигар иборат аст, рӯзи 28-уми январ дар изҳороте аз барқарор нашудани дастрасӣ ба интернет дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон изҳори нигаронӣ кард. Баъзе аз ҳомиёни ҳуқуқ, қатъи интернетро ғайриқонунӣ медонанд.
Пурсиши ҳомиёни ҳуқуқ: Чаро ва то кай?
Нигина Баҳриева, мудири созмони “Нотабене”, дар як навор, ки дар саҳифаи ташкилот пахш шудааст, мегӯяд, қонунҳои Тоҷикистон дар ҳолатҳои фавқулода, ҳолати ҷангӣ, гузарондани амалиёти зиддитерористӣ ё вақти офатҳои табиӣ қисман ё пурра қатъ кардани интернетро пешбинӣ кардааст. Вале ба гуфтаи хонум Баҳриева, дар робита ба ВМКБ қатъ кардани интернет норӯшан аст.
“Зеро то ин дам ягон изҳорот ва ё маълумоти расмие нест, ки сабабҳои маҳдудияти интернетро дар вилояти мухтор шарҳ диҳад. Дуюм масъала, ин муҳлат аст. Тамоми маҳдудиятҳо бояд як муҳлати муайян дошта бошанд. Яъне мо намедонем барои чӣ қатъ шудааст, аз тарафи кӣ ин кор анҷом шудааст ва барои чанд муддат аст. Дар робита ба ҳамаи ин, мо гуфта метавонем, ки маҳдудияти дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ хилофи қонун аст. Ин кор нақзи қонунҳои байнулмилалӣ ва хилофи уҳдадориҳои кишвар аст,” -- афзуд раиси созмони “Нотабене”.
Ҳанӯз рӯшан нест, ки сокинони ВМКБ кай ба интернет дастрасӣ пайдо мекунанд. Ҳарчанд дар ҳоли ҳозир мақомот ба дурустии ин кори худ пойфишорӣ доранд, фаъолон мегӯянд, қатъи дастрасӣ ба интернет дар ВМКБ "поймол шудани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" аст, ки барои соҳаҳои иқтисод, савдо, тандурустӣ ва маориф пайомадҳои ҷиддӣ дорад.