Бонувони ин корхона, ки аксарашон бекор буданд, то шаш моҳи пеш бовар надоштанд, ки дар Кӯлоб чунин корхона боз мешавад. Ҳоло вазифаи асосии занон дар корхона назорати дастгоҳи ҷӯроббофӣ аст. Вазифаи дастгоҳ - омода кардани ҷӯроб аст. Ҳамаи онҳо кор дар дастгоҳро омӯхтанд.
Назирамо Ҳусейнова, коргари корхона ҷӯроббофӣ мегӯяд: “Дар инҷо рӯзҳои аввал кор кардан бо асбобҳо мушкилтар буд, ҳоло бошад хеле аз худ намудаам.”
Ҳоло “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб”, коргаронро барои кор даъват мекунад. Санавбар Нозимова, ки дар ҷое таҳсил накардаву бекор будааст, даъват ба корро хуш қабул кард. Ӯ мегӯяд, азбаски хату савод надорад, рақам ва тарзи ба кор даровардани дастгоҳоро шифоҳӣ аз худ намудааст. Ҳоло ӯ яке аз бофандаҳои моҳири ин корхона аст. Ин модари чор фарзанд мегӯяд, ҳафт моҳ аст, ки ин ҷо кор мекунад.
Барои даҳҳо бонувони коргари ин корхона ба ҷуз имкони дарёфти рӯзӣ ин макон ҷои хубе барои муошират аст, чун, ба қавли онҳо, аз муҳити бастаи хонаву ошхона берун шуда, худро муҳим ва кори худро фоидаовар меҳисобанд. Маълум нест, ки даромади онҳо чанд аст ва то куҷо тиҷорати ҷӯробҳои истеҳсолкардаи онҳо воқеан ҳам бозоргиру васеъ мешавад. Рақобат бо молҳои истеҳсоли корхонаҳои кишварҳои хориҷии мисли Чину Туркия кори саҳле нест. Вале ҳамаи онҳо мегӯянд, ки умедворанд, тиҷорат хуб пеш бурда хоҳад шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
“Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” дар як шабонарӯз беш аз 70 ҳазор ҷӯроб тавлид мекунад. Маъмурият мегӯяд, ки содироти ҷӯробҳои Кӯлоб ба Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ба роҳ монда шудааст. Масъулини корхонаи ҷӯроббофӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки харидорони ватанӣ ҳам яклухт метавонанд аз корхона ҷӯроб гиранд.
Ҳоло 80 дарсади ҷӯроби Кӯлоб аз нахи пахта омода мешавад.
Орзу Холиқов, мудири “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” мегӯяд, арзиши тиҷоратии ҳар ҷуфт ҷӯроб аз 3,40 сомонӣ сар шуда то 5,5 сомонӣ мерасад. Ба корхонаи “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” 250 дастгоҳи худкори бофандагӣ аз Чин ворид шудааст. Ҳоло 130 адади он фаъол буда, 117 нафар ба бофтани ҷӯробҳо машғул аст.
Бо фаъол шудан боқимонда дастгоҳҳо ҳудуди 430 нафар ба кор қабул карда мешаванд. Афроди ба кор қабулшуда ҳам бояд аввал аз омӯзиш гузарад, то кор бо дастгоҳ ба ӯ мушкил пеш наорад.
Ин нахустин корхонаи бузург дар Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Он моҳи октябри соли 2021 аз сӯи президент ба истифода дода шуда буд. Тиббқи иттилои расмӣ бояд “Парки нассоҷии шаҳри Кӯлоб” дар як сол то 34 миллион ҷӯроб истеҳсол кунад. То кунун ҷӯроби истеҳсоли Кӯлоб ба бозори маҳаллӣ ворид нашудааст. Масъулини корхонаи мегӯянд, ки онҳо акнун талош доранд тариқи ширкатҳои фурӯшанда ҷуробҳои худро дар бозори маҳаллӣ ворид кунанд. Сокинон ҳам мегӯяд, ки сифати хуб ва нархи арзон метавонад, мавқеи ҷуробҳои берунаро дар бозори маҳаллӣ танг кунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Як ширкати Ҳонг Конг гуфт, дар Тоҷикистон биткойн месозадГардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар қиёс бо соли 2020 бештар шудааст Узбекистон мехоҳад аз Самарқанд то Панҷакент роҳи оҳан бисозад. ВИДЕО Нақшаи 1-миллиарддолларӣ. Узбекистон дар додугирифт бо Тоҷикистон ҷойи Чинро мегирад? САДОВазорати саноат "Blockchain"-ро ба Тоҷикистон меорад, вале суръату нархи Интернет роҳ намедиҳанд