Як устои созҳои мусиқӣ дар Кӯлоб даф ё доирае сохтааст, ки ба гуфтааш, бузургтарин дар Тоҷикистон аст.
Ин сеюмин доираи Сайиднодир Ҳайдарови 33-сола аст, ки як метру 80 сантиметр баландӣ дорад. Ӯ қасд дорад, даф ё доираи худро барои дарёфти рекордҳои Гиннес пешниҳод кунад.
Барои сохтани доираи рекордӣ, Сайиднодир як сол омодагӣ дидааст. Ӯ пусти гови бузургҷусса ҷустуҷӯ мекард. Пас аз пайдо кардани пӯст онро дар ду моҳ сохт. Яке аз доираҳои бузургашро ӯ ба президенти кишвар тӯҳфа кард ва дар иваз ба ӯ 15 ҳазор сомонӣ доданд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Доираи сеюме, ки ӯ сохтааст, бузургтар аз ду доираи қаблӣ аст.
Ҳунарманд шабурӯз барои такмили ҳунараш талош мекунад, вале шикоят дорад, ки ҳунараш дар Кӯлоб қадр намешавад. Гилаи ӯ аз он аст, ки дар як хонаи танг ҳам зиндагӣ ва ҳам устогарӣ мекунад.
Бо вуҷуди муроҷиатҳояш ба раисони собиқ, барои ҷудо кардани замин ва сохтани як устохонаи замонавӣ арзашро нашуниданд.
Асбобҳои кории ӯ ба фарзандонаш хатар доранд, вале ӯ роҳе барои ҷудо кардани устохона аз манзили зисташро надорад.
“Беҳад ҷо хурд ҳаст. Ҳамагӣ ду сотих замин аст. Шукри Худо соҳиби чаҳор фарзандам, дигар дар ҷои танг бо ин асбобҳое, ки ман дорам, ҳар рӯз хатар аст”,--гуфт ӯ.
Соли 2018 Радиои Озодӣ аз сохтани дуюмин доираи бузургӣ Сайиднодир гузориш дода буд. Баъди ин гузориш, як гурӯҳ фарҳангдӯстон аз Русия ба ӯ таҷҳизотҳои замонавӣ барои кораш тақдим кардаанд. Ин таҷҳизот корӣ Сайнодирро осон кардааст.
Сайиднодир Ҳайдаров 13 навъ асбоби мусиқӣ месозад. Ӯ мегӯяд, аз Исроилу Амрико ва кишварҳои аврупоӣ харидор дорад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Устои бузургтарин доираи Тоҷикистон бе коргоҳу дӯкон. ВИДЕО