Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи бошгоҳии ҷудо "Лигаи Аврупо" медали биринҷӣ гирифт

Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи бошгоҳии ҷудо «Лигаи Аврупо» дар ҳайати дастаи мардонаи «Урал - Сибири Ғарбӣ» («Урал - Западная Сибирь»)-и Русия медали биринҷӣ ба даст овард.

Ба иттилои сомонаи Федератсияи ҷудои Русия, дар ин мусобиқаи даставӣ, ки 11-уми декабр дар пойтахти Ҷумҳурии Чех – шаҳри Прага - доир гардид, 13 тими мардона ва 4 тими занона иштирок карда, барои ҷоизаҳои «Лигаи Аврупо» мубориза бурданд.

Варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар ин мусобиқа дар ҳайати бошгоҳи «Урал – Сибири Ғарбӣ» («Урал - Западная Сибирь») ҳамроҳи ҷоизадорони «Силсилаи ҷаҳонӣ»-и ҷудо Арам Григорян ва Абдулло Абдулҷалилов, қаҳрамони Аврупо миёни варзишгарони то 23-сола Валерий Ендовитский ҳунарнамоӣ кард.

Паҳлавони тоҷик дар даври аввал бар узви дастаи «Сен Женевйев»-и Фаронса Тэо Рикуэн дастболо шуд. Вале на ҳамаи ҳамдастаҳояш пирӯзӣ ба даст оварданд. Бинобар ин дастаи «Урал – Сибири Ғарбӣ» бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрд.

Дар даври тасаллобахш «Урал-Сибири Ғарбӣ» тими «Динамо-Бухарест»-и Руминияро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Сомон бар Лучиан Димитреску ғолиб омад.

Дар даври баъдии тасаллобахш бошгоҳи Сомон тими «Прага»-и Ҷумҳурии Чехро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Сомон бошад, ба рақибаш Бански Бруно ғолиб шуд.

Бошгоҳи "Урал-Сибири Ғарбӣ" дар марҳилаи севум дастаи «Ҷудо-Днепр»-и Украинаро бо ҳисоби 5:0 ноком кард. Сомон бошад, бар узви ин даста Звиади Звиадаури дастболо гашт.

Дастаи «Урал - Сибири Ғарбӣ» барои медали биринҷӣ тими дигаре аз Русия - «Локомотив»-и Налчикро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард. Сомон бошад, дар қувваозмоии охиринаш Ҳидоят Ҳайдарови озарбойҷониро шикаст дод.

Ба ин тартиб, дастаи «Урал-Сибири Ғарбӣ», ки дар ҳайати он варзишгари тоҷик Сомон Маҳмадбеков иштирок дошт, бо медалҳои биринҷӣ ва ҷоизаи молӣ ба маблағи як ҳазор евро мукофотонида шуд.

Дастаи «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса, ки дар финал бар ҳамдиёрони худ аз бошгоҳи «Сен-Женевйев» ғолиб омад, ба ҷуз аз медалҳои тилло ҷоизаи молӣ дар ҳаҷми 5 000 евро супурда шуд. «Сен-Женевйев» бо медалҳои нуқра ва 3 000 евро сарфароз гашт.

Дар ин мусобиқаи даставӣ беш аз 150 варзишгар аз 16 кишвар иштирок карданд.