Бостоншиносони аз Русия ва Италия дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбони тоҷикашон дар Фархори Тоҷикистон ашёи ношиноси қадимиеро пайдо кардаанд.
Ашёе, ки ба андозаи як гуши инсон аст, аз қабристони Чилтанбобои шаҳраки Фархор аз паҳлуи ҷасадҳо дарёфт шудаанд. Ҷасадҳое, ки ба гуфтаи бостоншиносон дар асрҳои 4 ва 3-и пеш аз мелод зери хок шудаанд.
Бостоншиносон мегӯянд, дар сурати маълум шудани ин бозёфт як паҳлуи зиндагӣ, дин ва оини мардуми ин минтақа дар ҳазораи пеш аз мелод маълум хоҳад шуд.
Азизулло Муродов, мудири осорхонаи Фархор гуфт, “дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз қабати болоии сари ҷасад як қаҷак пайдо намуданд, вале дақиқ карда нашудааст, ки он чист, аммо корҳо барои дақиқ кардани он идома дорад.”
Ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи Уртабузи ноҳияи Фархор аз соли 2013 шуруъ шудааст.
Дар ин нуҳ сол даҳҳо нигора ва ҷасадҳои одамони қадим пайдо шудааст. Таърихнигорон мегӯянд, бозтёфтҳо далели зисти одамони қадим дар ин минтақа мебошад.
Нуриддин Сайфулоев, таърихшиноси тоҷик мегӯяд, Фархор дар ҳамворӣ ва канори рӯди Панҷ ҷойгир аст ва чунин шароит имкони зисти осон ба одамони қадимро медод. “Монанди дар Миср дарёи Нил, дар руди Зарафшон Саразми Панҷакент, дар Фархор дарёи Панҷ. Дар ин соҳилҳои дарёҳо тамаддунҳо тез тараққӣ мекарданд, чунки об манбаи ҳаёт ҳаст ва одамон дар наздикии об роҳат зиндагӣ мекарданд.”,--гуфт ӯ.
Босстоншиносон соли 2016 дар пайи ковишҳо дар Фархор ду ҷасадеро пайдо карда буданд, ки ба асри 12-11-и пеш аз мелод рост меомад.
Инчунин дар ҳар ковиш аз паҳлуи ҷасадҳои пайдошуда, сангу муҳраҳо ва бархе олоти мисин ёфт шудааст.
Дар пайи ковиши ахир ҳам, аз паҳлуи панҷ ҷасади пайдошуда, муҳра ва кузаҳои кулолӣ пайдо шуд.
Ковишҳои ахирро бостоншиносон, Наталя Виноградава аз Санкт-Петербург ва Ҷавана Ламбарда аз Италия аввалҳои моҳи ноябр ба анҷом расонида буданд.
Ҳоло дар ноҳияи Фархор 52 макони таърихӣ сабт шудааст.
Калонтарин макони таърихӣ дар Фархор ин қалъаи таърихии “Золи-Зар” аст, ки 70 гектарро ташкил медиҳад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар Фархор ҳайкалчаи Буддоро ёфтанд. ВИДЕОБозёфти ҷасади нодири як ҷуфт дар Уртабузи Фархор. АКС ва ВИДЕОКашфи ҳайкалчаҳои Буддо дар Фархор (ВИДЕО)Кашфи 7 хуми бузурги қадима дар ФархорКашфи мавзеъи таърихӣ дар ноҳияи Фархор