Рӯзи шанбе «Хуҷанд» дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд бо «Хатлон»-и Бохтар рақобат мекунад.
Ду бозии дигари ¼-ниҳоӣ рӯзи якшанбе, 12-уми сентябр, доир мегардад. Дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд дастаҳои «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Эсхата» (Хуҷанд) вориди рақобат мешаванд. ССКА-и Душанбе дар майдони худ бо «Равшан»-и Кӯлоб рӯбарӯ хоҳад шуд. Бозиҳо соати 15:45 оғоз меёбанд.
Агар замони асосии дидор мусовӣ шавад, онгоҳ ду қисми иловагии 15-дақиқаӣ таъйин мегардад. Агар ғолиб дар замони изофа муайян нашавад, бо силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ маълум хоҳад шуд.
Бозии охирини даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва “Файзканд”-и Восеъ бинобар иштироки қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 муқобили “Персеполис”-и Эрон (14-уми сентябр) мавқуф гузошта шуд.
Тибқи низомнома бозиҳои чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон аз як бозӣ ва нимфинал аз ду бозӣ (хона-сафар) иборат хоҳад буд. Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дар Варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”-и шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст. Ҷоми Тоҷикистон-2021
1/4 финал
11-уми сентябр (шанбе)
Оғози бозӣ – соати 15:45
«Хуҷанд» – «Хатлон»
Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»
12-уми сентябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15:45
«Истаравшан» – «Эсхата»
Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»
ССКА – «Равшан»
Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ