Баъд аз он ки ҷангҷӯёни "Толибон" роҳпаймоиҳои беиҷоза ва иштироки занонро дар бозиҳои варзишӣ манъ карданд, нигарониҳо аз тарзи рафтори ҳукумати нав дар Афғонистон бештар шудааст. Гуруҳи "Толибон" пас аз се ҳафтаи ишғоли Кобул, 7-уми сентябр, ҳайати ҳукуматеро, ки "Аморати исломии Афғонистон" меномад ва дар он асосан ҷангҷӯёни собиқадор ҳастанд, расонаӣ кард.
Ин вазъ умеду бовари ҷомеаи байнулмилалиро ба “нисбатан беҳтар будан”-и "Толибон"-и ҳозира дар муқоиса ба "Толибон"-и бист сол пеш камтар кардааст.
Ҳукумате, ки "Толибон" ташкил карданд, рӯзи 8-уми сентябр фармон дод, ки ҳама гуна иқдоми эътирозӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва адлия мувофиқа карда шавад, вагарна иштирокдорон ҷазо мегиранд. Тайи рӯзҳои охир бисёре аз шаҳрҳои Афғонистон шоҳиди тазоҳуроти эътирозии шаҳрвандон ва вижа занон ба ҳукумати "Толибон" будааст.
Гуруҳи "Толибон" занҳои Афғонистон, аз ҷумла аъзои тимҳои миллии он кишварро аз варзишкорӣ манъ кард. Аҳмадулло Восиқ, муовини раиси Кумисюни фарҳангии "Толибон", рӯзи чаҳоршанбе дар суҳбат бо телевизиони SBS News-и Австралия крикет -- бозии маъруф дар Афғонистонро мисол овард ва гуфт, дар сурате агар занҳо крикет бозӣ кунанд, чеҳра ва андомҳояшон барои бинандагон намудор мешавад.
"Замон замони расонаҳо аст. Мумкин аст, аксу видеоҳо пайдо шаванд ва мардум онро тамошо кунанд. Ислом ва Аморати исломӣ ба ин роҳ намедиҳад", -- гуфт вай. Восиқ илова кард, ки занҳо метавонанд, гаштугузор кунанд, аммо варзиш, ба бовари вай, "барои занҳо муҳим нест".
Эҳтимоли бозгашт ба сиёсатҳои сахтгирона ва ҳукмронии бераҳмонаи "Толибон" дар солҳои 1996-2001 рӯзҳои охир дар чанд минтақаи Афғонистон боис ба эътирозҳо шуд. Силоҳбадастони "Толибон" баъзе аз эътирозгарон ва хабарнигоронро боздошту саркӯб карданд.
Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш ҳукумати "Толибон"-ро огоҳ кардаанд, ки бояд эътирофи ҷомеаи байнулмилалиро ба даст биорад.
Котиби давлатии Амрико, Энтони Блинкен, дар мулоқоти маҷозӣ бо намояндагони Олмон ва 20 кишвари дигар рӯзи 8-уми сентябр гуфт, маъмурияти "Толибон" бар асоси амалаш баҳогузорӣ хоҳад шуд. Вай ҳамзамон аз кишварҳои шарики Амрико хост, "Толибон"-ро дар масоиле ба монанди мубориза бо терроризм, иҷозаи тарки кишвар ва ташкили давлати "фарогир" посухгӯ кунанд.
Алисон Давидян, намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон, дар як нишасти видеоӣ бо хабарнигорон гуфт, аз ҳоло "ҳар рӯз дар бораи поймол шудани ҳуқуқи занон гузоришҳо мерасанд". Вай мисол овард, ки "занҳо ҳақ надоранд аз хона бе маҳрам берун оянд ва дар баъзе вилоятҳо кор кунанд”.
Вақте ки "Толибон" бори охир дар Афғонистон бист сол пеш ҳукмронӣ мекарданд, духтарон аз таҳсил ва занон аз кор маҳрум буданд.
"Толибон” барои дин мубориза бурдаанд. Мо арзишҳои исломиро сарфи назар намекунем, ҳатто агар он вокунишҳои мухолиф дошта бошад", - гуфт Аҳмадулло Васиқ дар мусоҳиба бо SBS News-и Австралия.
Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (HRW) ҳушдор дод, ки маҳдудиятҳо ва латукӯби рӯзноманигорон дар Афғонистон аз заволи озодии баён дар он кишвар гувоҳӣ медиҳанд.