Конфедератсияи футболи Осиё санаи баргузории бозиҳои ду гурӯҳи мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои мунтахаби миллии занонаро, ки дар даҳаи дуюми моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, тасдиқ кард.
Бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми Осиё -2022 байни дастаҳои занона дар гурӯҳи “В” бо ширкати тимҳои миллии Ветнам, Тоҷикистон, Молдив ва Афғонистон аз 24-ум то 29-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мегарданд.
Ҳамчунин дар ин варзишгоҳ аз 25-ум то 30-юми сентябр бозиҳои гурӯҳи "С" баргузор мешаванд, ки дар он дастаҳои мунтахаби миллии занонаи Сингапур, Ироқ ва Индонезия рақобат мекунанд.
Бояд гуфт, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё -2022, ки аз 20-уми январ то 6-уми феврали соли оянда дар Ҳиндустон баргузор мешавад, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ роҳ пайдо мекунанд.
Се дастаи беҳтарини Ҷоми Осиё -2018 - Ҷопон, Австралия ва Чин, ки ба қаҳрамонии Осиё-2022 мустақиман роҳ ёфтаанд, аз бозиҳои интихобӣ озод карда шудаанд. Ҳиндустон низ ҳамчун мизбони Ҷоми Осиё -2022 аз ширкат дар сабқати интихобӣ озод гаштааст.
Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 байни дастаҳои мунтахаби занона
Гурӯҳи "В"
Иштироккунандагон: Ветнам, ТОҶИКИСТОН, Молдив, Афғонистон.
Даври 1 -ум
23 сентябр (панҷшанбе)
17:00 - Ветнам - Афғонистон
20:00 - «ТОҶИКИСТОН» - Молдив
Даври 2 -юм
26 сентябр (якшанбе)
17:00 - Молдив - Ветнам
20:00 - Афғонистон - ТОҶИКИСТОН
Даври 3 -юм
29 сентябр (чоршанбе)
17:00 - Молдив - Афғонистон
20:00 - Ветнам - ТОҶИКИСТОН
Гурӯҳи "С"
Иштироккунандагон: Сингапур, Ироқ, Индонезия.
Даври 1 -ум
24 сентябр (ҷумъа)
18:00 - Индонезия - Сингапур
Даври 2 -юм
27 сентябр (душанбе)
18:00 - Ироқ - Индонезия
Даври 3 -юм
30 сентябр (панҷшанбе)
18:00 - Сингапур - Ироқ
Эзоҳ: ҳамаи бозиҳо дар гурӯҳҳои "В" ва "С" дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.