Боздошти ду омӯзгор дар робита ба марги чаҳор шогирдашон. Саёҳате, ки бо фоҷиа анҷомид. ВИДЕО

Бахтиёр Каримқулов, Садриддин Каримов, Лазизбек Хидиров ва Асилбек Мамадисоев. Акси наврасонро наздиконашон дар ихтиёри Озодӣ гузоштанд

Ду омӯзгори мактаби рақами 60-ро дар Истаравшан дар робита ба марги чаҳор шогирдашон дастгир кардаанд. Додситонии Хуҷанд онҳоро дар ҳодисаи ғарқ шудани наврасон ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир, ки дар оғози моҳи июли имсол иттифоқ уфтода буд, ҷавобгар медонад.

Назари омӯзгорон ва ё наздикону вакилони мудофеи онҳо дар ҳоли ҳозир дастрас нест, вале мудири маорифи Суғд чанде пеш гуфт, наврасон ҳангоми саёҳат аз гуруҳ ҷудо шуда, худ ба оббозӣ рафтаанд.

Як манбаи наздик ба тафтишот рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, зидди ду муаллим бо гумони “аз беэҳтиётӣ расондан ба марг” парванда боз шудаааст. Ин айбнома аз ду то панҷ сол зиндон ва маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайянро пешбинӣ мекунад.

Ҷасади

  • Бахтиёр Каримқулов,
  • Садриддин Каримов,
  • Лазизбек Хидиров ва
  • Асилбек Мамадисоеви 16-соларо рӯзи 8-уми июли имсол пас аз қаъри дарёи Сир ёфта, дар зодгоҳашон, деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан, дафн карданд.

Мақомот мегӯянд, як рӯз пеш аз он омӯзгорон зиёда аз 20 шогирди худро ба саёҳати Хуҷанд оварда, гуё беназорат гузоштаанд. Он вақт ва ҳоло муаллимони мактаби рақами 60 дар Истаравшан маълумоти пурра намедиҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҷасади наврасони ғарқшударо гӯронданд, аммо баҳси "кӣ гунаҳкор?" монд. ВИДЕО

Дар нишасти матбуотии мудири маорифи вилояти Суғд, Осим Каримзода, ин мавзуъ аз ҷониби хабарнигорон дар миён гузошта шуд. Ӯ чунин посух дод: “Чаҳор наврас ҳангоми хӯрокхӯрӣ оҳиста аз гурӯҳ ҷудо шуда, ба оббозӣ рафтаву ба ин ҳол дучор шудаанд. Нисбат ба шахсоне, ки ба саҳлангорӣ роҳ доданд, мо низ чораҷӯӣ мекунем”.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ду муаллимро дар марги шогирдон ҷавобгар медонанд

Ҳоло бинобар халал надидани тафтиш, манбаъ дар додситонӣ аз ифшои номи боздоштшудаҳо худдорӣ кард, вале қаблан волидони наврасони ғарқшуда гуфта буданд, ки фарзандонашон ҳамроҳи омӯзгорон ва мудири мактаб ба саёҳат рафта буданд.

Яке аз омӯзгорони мактаби рақами 60 дар Истаравшан бе зикри ном гуфт, “роҳбари синфи наврасони ғарқшуда ва мудири мактабро борҳо ба бозпурсӣ даъват карда буданд. Эҳтимол парванда нисбат ба онҳо боз шудааст. Вале баъд аз ҳодиса мудири мактаб борҳо дар беморхона бистарӣ шуд ва вазъи омӯзгорони дигар низ хуб набуд”.

Пештар баъзе аз волидони наврасони ғарқшуда дар ин фоҷиа мактабу омӯзгоронро гунаҳкор карданд. Ойбек Хидиров, падари Лазизбек Хидиров, гуфта буд, “инҳо як нафар не, чор бачаи 16-сола ҳастанд. Ба ҳама одам таъсири сахт дорад ин ҳодиса. Ҳозир дар вақти карантину касалиҳо ба ҳамон ҷо бурдан чӣ лозим буд?”

Дар шуъбаи маорифи шаҳри Истаравшан мегӯянд, ин сафар бе мувофиқа бо онҳо ва берун аз нақшаи корӣ сурат гирифтааст. Рӯшан нест, то куҷо ин саёҳат барои мактабиён ҳатмӣ буд.

Ба гуфтаи шоҳидон, ҳодиса дар наздикии боғи Фарҳангию истироҳатии Наврӯзгоҳи шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ғаввосон ҷасади ғарқшудагонро аз қаъри дарёи Сир берун оварданд.

Ба иттилои расмӣ, дар шаш моҳи аввали имсол дар дарёву ҳавзҳои вилояти Суғд 14 нафар ғарқ шуда, ҷони худро аз даст додаанд. Ин рақам дар муқоиса ба соли гузашта ду баробар бештар аст.