Дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ нархи хӯрокворӣ якбора боло рафт. Бино ба иттилои Барномаи озуқа ва кишоварзии Созмони Милал (FAO), ин баландтарин болоравии нарх дар 10 соли охир буда, арзиши маҳсулоти хӯрокӣ дар муқоиса бо як сол пеш 40 дарсад гарон шудааст.
Хандаовар аст, аммо набояд содда гирифт
Барои бисёриҳо 700 дарсад боло рафтани нархи сабзӣ тааҷҷубовар аст. Дар Қазоқистон ва Узбекистону Тоҷикистон нархи ин маҳсулот ба таври бесобиқа боло рафта, арзиши як кило сабзӣ ба 1,50 доллар баробар шуд.
Ҳоло шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз ҳаҷву шӯхиҳо дар бораи гаронии нархи сабзӣ аст, аммо набояд онро сабук гирифт. Сабзӣ аз маҳсулоти асосӣ барои таҳияи оши палав, серистеъмолтарин хӯрок дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
Барои мисол, дар Қазоқистон нархи сабзӣ аз 100 танга якбора ба 700 танга ҷаҳид. Чунин тамоюли болоравӣ дар тамоми кишварҳои дигари минтақа ва қариб дар ҳамаи маҳсулот мушоҳида мешавад.
Дар Туркманистон камбуди маҳсулоти хӯрокворӣ каме пештар аз бӯҳрони саросарӣ сар шуд. Ба гуфтаи коршиносон, бо поинравии нархи нерӯи барқ дар соли 2016 идораи нодуруст ва низоми фасодзадаи ҳукумати Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов мардумро қариб ба гуруснагӣ рӯ ба рӯ кард.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳама чизро бо палав бармекашанд
Нашрияи машҳури MacDonalds’ Big Mac аз соли 1986 шохис ё индекси нархи маҳсулотро дар кишварҳои гуногун муайян ва нашр мекунад, вале барои донистани нарх ё тамоюлҳо дар Осиёи Марказӣ бояд дар бораи палав, хӯроки болаззате, ки аз 6 маҳсулот омода мешавад, маълумот дошта бошед. Барои ин, равғани растанӣ, гӯшт, биринҷ, пиёз ва сабзӣ зарур аст.
Ба ин тартиб, иқтисоддонҳои маҳаллӣ шохиси ошро муайян кардаанд. Онҳо нархи як кило ошро ба маоши миёна муқоиса намудаанд.
Ҳоло таваҷҷӯҳ кунед ба шохиси ош дар пойтахти кишварҳои Осиёи Марказӣ:
Дараҷаи шохиси оши палав:
Бино ба нишондоди ин шохис, маълум мешавад, ки як нафар бо маоши миёнаи худ дар Нурсултон, пойтахти Қазоқистон, метавонад, 37 кило ва дар Ишқобод, маркази Туркманистон, фақат 6 кило ош бихарад.
Ин нишондиҳанда шояд натавонад вазъи воқеиро пурра бозгӯ кунад, аммо метавонад, то ҷое ҳолати умумиро нишон диҳад.
Пойтахте, ки бо вуҷуди болоравии нархи маҳсулот вазъаш нисбатан хуб мемонад, Нурсултон аст. Дар ин шаҳр маоши миёна баланд аст. Вазъи аз ҳама бадро дар ин шароит Ишқободу Душанбе доранд.
Вазъ дар Тошканду Бишкек миёна аст, дар ин шаҳрҳо нархи хӯрокворӣ нисбатан арзон аст.
"Гуноҳ"-и коронавирус?
Созмони Милали Муттаҳид эълон кард, ки болоравии бошиддати нархи маҳсулоти ғизоӣ ба пандемияи COVID-19 вобастааст. Дар ин давра миллионҳо нафар бекор монда, амнияти озуқавориро, ки бе ин ҳам бинобар низоъҳо ва тағйирёбии иқлим мушкил дошт, ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ кардааст.
5 кишвари Осиёи Марказӣ, дарвоқеъ, аз хушксолӣ ва кам шудани ҳосил зарар диданд. Ҳукуматҳо барои сабук кардани вазъ чораҳои гуногун андешиданд.
Ҳукумати Қирғизистон эълон кард, ки воридоти шакару равғани растанӣ ва гӯштро ба кишвар аз молиёт (андоз) аз арзиши иловашуда озод мекунад. Ҳукумат ба танзими нархи равғани растанӣ ва шакар шурӯъ кард ва ҳамчунин гуфт, тасмим дорад, барои харидани маҳсулот аз хориҷа пули муайян ҷудо кунад.
Тоҷикистон ҳам ситонидани андоз аз арзиши иловашударо барои маҳсулоти асосӣ манъ кард. Узбекистон гуфт, содироти сабзавотро маҳдуд ва истеҳсолро бештар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Туркманистон талош дорад, ки маҳсулоти ниёзи аввалро бо нархи нисбатан арзон ё давлатӣ фурӯшад. Ин боис ба эҷоди навбатпойӣ ва баҳсу ҷанҷолҳо шудааст, зеро таъминот бо маҳсулот маҳдуд аст. Пулиси Туркманистон пайваста дар бозорҳо рейд мегузаронад ва тоҷиронро маҷбур мекунад, нархро поин баранд. Вале ҳоло ин иқдом барои беҳтар кардани вазъ натиҷа надодааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
“Сабқат”-и нархҳо дар Тоҷикистон. Панҷ маҳсулоте, ки нархи устувор надоранд. ВИДЕОНархҳои баланду даромади паст. Мардуми Бадахшон аз гаронии маводи хӯрокворӣ шикоят дорандБоду ҳаво, баста шудани марз ё набудани дурнамо: Чаро сабзӣ қимат шуд? ВИДЕО