“Қотил”-е, ки имкон дорад, президенти Эрон шавад. ВИДЕО

Аксҳои Иброҳим Раисӣ, номзади интихоботи президентии Эрон дар Теҳрон

Иброҳим Раисии 60-сола, рӯҳонии эроние, ки дар қатли дастаҷамъии ҳазорҳо маҳбуси сиёсӣ дар солҳои ҳаштодуми асри гузашта даст дорад, номзад ба мақоми президенти Эрон шудааст.

Ӯ дар интихоботи президентии соли 2017-ум аз раисҷумҳури муътадили ин кишвар Ҳасан Рӯҳонӣ шикаст хӯрда буд. Шояд аз ин ҷост, ки рӯҳониёни муҳофизакор тамоми шароитро барои пирӯзии ӯ фароҳам овардаанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Қотил"-е, ки номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Эрон шуд

Иброҳим Раисӣ, раҳбари ҳукми қазоия ё Вазорати адлияи Эрон, ки ҳамчун довталаби асосии курсии президентии ҷумҳурии исломӣ дар интихоботи 18-уми июн ба шумор меравад, дар як паёмаш гуфт, ки “мо на ангушти фасодкорон, балки аз бозу дасташонро мебурем ”.

Бисёриҳо ҳокимони рӯҳонии Эронро бо он муттаҳам мекунанд, ки аз сабти номи довталабҳои муътадил ва ислоҳотталаб худдорӣ намуда, роҳро барои пирӯзии Раисӣ фарох кардаанд.

Эраҷ Мисдоқӣ, маҳбуси собиқ дар Эрон ва фаъоли сиёсӣ мегӯяд, номзадии Раисӣ нишон медиҳад, ки Хоманаӣ чи касеро раҳбар дидан мехоҳад.

Ӯ гуфт, Раисӣ нафарест, ки дар Эрон ба одамкушӣ шинохта мешавад. Ҳатто, Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам ба ӯ гуфтааст, ки “дар даҳаи гузашта ҷуз одамкӯшӣ коре надоштӣ”.

Дар солҳои ҳаштодуми асри 20 Раисӣ ба ҳайси додрас ҳазорҳо маҳбуси сиёсиро ба эъдом маҳкум кардааст. Баъди инқилоби исломии соли 1979 ӯ бо таъқиби мухолифин машҳур шуда, ба мақомҳои баланди додгоҳи Эрон пешбарӣ шуд.

Ба гуфтаи Эраҷ Мисдоқӣ, “Раисӣ узви ҳайати марг шуда буд.”

Интихоботи президентии 18-уми июн дар шароити таҳримҳои амрикоӣ, сирояти саросарии КОВИД-19 ва фишори иқтисодӣ, ки боиси нерӯманд шудани афкори эътирозӣ гардидааст, доир мешавад. Дар ҳоле, ки президенти ИМА Ҷо Байден барои эҳёи созиши ҳастаии Эрон бо кишварҳои абарқудрати олам аз соли 2015-ум талош дорад, Раисӣ тақозо кардааст, ки тамоми таҳримҳо лағв гарданд.

Доналд Трамп, президенти ИМА ин кишварр аз созиши ҳастаӣ бо Эрон берун кашида, ҷумҳурии исломӣро зери “фишори вазнинтарин” қарор дода буд. Дар ин байн режими Эрон ба таассуби бештар рӯй овард ва дар соли 2019 эътирозҳои мардумро бераҳмона пахш кард.

Шароите, ки рӯҳониёни муҳофизакор ташкил кардаанд, эҳтмоли пирӯзии бидуни рақобати Раисиро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, фаъолон даъват доранд, ки интихобот бойкот шавад. Дар як назархоҳии Оҷонсии назарсанҷии донишҷӯёни Эрон ҳамагӣ 37 дар сади мардуми дорои ҳаққи овоздиҳӣ тасдиқ кардаанд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат меварзанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ноумедӣ ва фақр. Фазои пеш аз интихобот дар Эрон чӣ гуна аст? ВИДЕОМуҳсин Меҳрализода аз ширкат дар интихоботи Эрон даст кашидБаҳси номзадҳо ба мансаби президенти Эрон дар бораи буҳрони иқтисодӣ