Шаҳрвандии Сайиднуриддинро дубора дар Русия барқарор мекунанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додгоҳи вилояти Свердлови Русия рӯзи 25-уми май қарори суди шаҳри Режро дар бораи бекор карда шудани шаҳрвандии Саиднуриддин Розиқов, рӯҳонии 60-солаи тоҷик беэътибор хонд ва ин роҳро барои барқарор кардани мақоми шаҳрвандии ӯ дар Русия ҳамвор хоҳад кард. Пайвандонаш мегӯянд, пас аз рабуда шуданаш ба Тоҷикистон ӯ дар ватан бе санади ҳувият дармондааст.

Ӯро бо гумони ҳамкорӣ бо созмони Салафия айбдор намуданд, вале дар навори видеоӣ худи Розиқов мегӯяд пас аз собит шудани бегуноҳияш аз ҷавобгарӣ озод гашт ва талош дорад ба назди хонаводааш ба Русия баргардад.

Людмила Лукашева Семёновна, адвокати Нуриддин Розиқов рӯзи 25-уми май дар навори видеоие, ки нусхааш ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, мегӯяд рӯзи сешанбе Додгоҳи вилояти Свердлов қарори суди шаҳри Реж дар бораи бекор карда шудани шаҳрвандии Саиднуриддин Розиқовро рад кард.