Як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, дар як муомилаи қарзӣ, ки аз он ба ӯ чор ҳазор сомонӣ мондааст, манзили зисташро бо арзиши 30 ҳазор доллар, аз додааст.
Хайринисо Бозорова, сокини Кӯлоб иддао дорад, ки қурбонии қаллобӣ шудааст, вале мақомот арзи ӯро ҷиддӣ таҳқиқ намекунанд. Мақомот мегӯянд, далеле барои қаллобӣ вуҷуд дошта бошад, ҳатман таҳқиқ мешавад.
Видеоро ин ҷо тамошо кунед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳуқуқшиносон мегӯянд, сокиноне, ба мисли Хайринисо, аз надонистани қонунҳои ҷории кишвар ва содагӣ фиреб мехӯранд.
Шаш сол пеш хонаводаи Хайринисо аз ҳамсояашон 4000 сомонӣ қарз мепурсад. Ҳамсоя мегӯяд, агар ризоият диҳанд, бо гарав гузоштани хонаи онҳо маблағи бештаре қарз мегиранд ва тиҷорат мекунанд.
Талош барои ба даст овардани чор ҳазор сомонӣ боис мешавад, ки ин хонавода манзили зистеро, ки ба гуфтаи онҳо, 30 ҳазор доллар арзиш дошт, аз даст диҳанд.
Хайриниссо Бозорова иқрор мешавад, ки “соли 2015 аз бесаводӣ, камбудии рӯзгор ва зуромад ба як иштибоҳи хурд роҳ додааст”.
Машварати гирифтани қарзро шавҳари Хайриниссо бо ҳамсоя кардаанд ва хонаро ба гарав мегузоранд.
Ҳоло ин оила хонаашонро аз даст додаанд ва бо кӯдакони хурдсол дар як манзили нимавайрона иҷоранишин ҳастанд.
Хайриниссо барои дубора соҳиб шудан ба манзилаш талош дорад.
Баҳси ӯ бо Ҳикматулло Камолов, ҳамсояи собиқаш аст. Хайринисо мегӯяд, маҳз ӯ идеяи қарз гирифтанро пешниҳод кард ва онҳоро фиреб дод.
Ҳиматулло Камолов ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, худи ӯ низ фиреб хурдааст. Ӯ мегӯяд, сабаби мусодираи хонаи Хайриниссо дар он буд, ки чанд сол фоизи пули қарзро насупурданд.
Дар шартномаи қарзӣ гуфта мешавад, ки Ҳикматулло Камолов 13 ҳазор доллар қарз гирифтааст. Аз ин пул танҳо 4000 ҳазор сомонӣ ба Хайринисо додааст. Додгоҳ ҳукм кардааст, ки Камолов пули қарзро бо фоизҳояш пас нагардондааст ва хона ба ин асос мусодира шудааст.
“Хона 30 ҳазор доллар дар шартномаи нотариюс нарх гузошта шуда буд. Аз 13 ҳазори шартнома 1150 долар монда буд, барои ҳамин хонаи 30 ҳазораро гирифтанд ва ягон дирам, ягон кас моро надодааст.”,--гуфт ин зан.
Хайринисо гуфт, арзи ӯро ҳамеша ҷиддӣ қабул мекунанд, вале чанд рӯз баъд муносибаташон тағйир мекунад ва дигар таҳқиқи аризааш давом намекунад.
Ҳикматулло Камолов иқрор шуд, ки бо гарав гузоштани хонаи Хайриниссо 13 ҳазор гирифтааст, вале на 4000 сомонӣ, балки 6 ҳазор доллари онро ба ин хонавода додааст. Ӯ гуфт, ки худи ӯ низ фиреб хӯрдааст ва мақомот инро медонанд.
Дар Додситонии шаҳри Кӯлоб гуфтанд, ки аз ҷузъиёти ин баҳс хабар надоранд, вале агар далеле барои қаллобӣ вуҷуд дошта бошад, таҳқиқ мекунанд. Раҳмоналӣ Имомзода, додситони шаҳри Кӯлоб гуфт, ки дар сурати муроҷиат қазияро меомӯзанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зиндагии як хонаводаи 23-нафарӣ дар зери хайма. ВИДЕО ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Ин хона қашанг асту дигар хонаи ман нест