Талафот аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистон ба 20 кас расид. ВИДЕО

Сокинони деҳаи Сомониён

Радиои Озодӣ рӯзи 5-уми май номи ду қурбонии дигар аз ҷониби Тоҷикистон дар ҷанҷоли марзӣ бо Қирғизистонро ошкор кард. Инҳо Ҳакимбой Ниёзови 39-сола ва Нусратулло Набиеви 20-сола, сокинони ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ҳастанд.

Шукурхон Насриев, раиси ҷамоати Чоркӯҳ, марги ин ду нафарро тасдиқ кард ва гуфт, Нусратулло Набиев сарбоз буд. Бо гузашти шаш рӯз аз ҷанҷоли хунин дар марз бо Қирғизистон, ҳукумати Тоҷикистон рӯйхати пурраи захмиёну кушташудаҳоро ошкор накардааст, ҳарчанд дар бораи хисороти молии ҷанг суҳбат мекунанд ва барои барқарор кардани манзилҳои вайроншуда амр додаанд.

Радиои Озодӣ рӯзи 4-уми май низ номи ду қурбонии низоъро ошкор карда буд. Инҳо Аслиддин Абдузамонови 20-сола ва ​Абдуллоҳ Саидови 26-сола, аз ноҳияи Нуробод ҳастанд. Мақомоти ноҳияи Нуробод гуфтанд, ин афсару сарбози марзбон рӯзи 29-уми апрел дар сарҳад бо Қирғизистон кушта шуда, рӯзи якуми май дафн гардиданд.

Маҳмадаюб Кароматов, раиси ҷамоати Хумдони ноҳияи Нурообод, рӯзи 4-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, Аслиддин Абдузамонов якуним сол пеш барои хидмат рафта буд. Ӯ дар дидбоногҳи марзии Хоҷа Аъло дар Исфара хидмат мекард.

"Дар чашмаш бо снайпер зада шудааст. Дар маросими дафн, ки бо иштироки муовини Вазорати мудофиа баргузор шуд, гуфтанд, ки онҳо ҳангоми муқобилият ба ҳуҷум кушта шудаанд", -- гуфт ӯ.

Абдулло Саидов, афсари 26-сола аз ноҳияи Нуробод, низ ба гуфтаи мақомот дар Хоҷаи Аъло хидмат мекард ва "дар сараш осори тири снайпер мушоҳида шудааст". "Маросими дафни онҳо дар сатҳи расмӣ гузашт. Ҳоло, қарор аст, ба хонаводаҳои онҳо кумаки молӣ расонида шавад", -- гуфт як корманди ҳукумати ноҳияи Нуробод.

Бо ин шумораи умумии қурбониён дар муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон, ки Радиои Озодӣ маълум кард, ба 20 нафар расид. Аксу наворҳои видеоии дафни гуруҳе аз онҳо дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст. Теъдоди маҷруҳон 88 кас гуфта мешавад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон дар ниҳоят рӯзи 3-юми май нахустин баёния дар бораи хисорот аз ҷангро нашр кард, аммо доир ба талафот дар байни мардум чизе нагуфтааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Панҷ қурбонии муноқиша дар марзро дафн карданд

Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, дар муноқишаи ахири марзӣ 183 шаҳрванди он кишвар маҷруҳ шуда, 36 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохтаанд. Ҳарду кишвар якдигарро ба шурӯи ҷанг ва хисороту талафоти зиёд аз он айбдор мекунанд.

Ҷанҷолу сангандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки рӯзи 29-уми апрел ба муноқишаи хунин сабаб шуд, бинобар насби камераи назоратӣ дар Маркази тақсими об сурат гирифт, ки барои обёрии киштзорҳои ду тарафи марз дар замони Шӯравӣ сохта шудааст. Ҳоло Тоҷикистону Қирғизистон оташбаси доимӣ эълон карда, нерӯҳои худро аз минтақаҳои наздисарҳадӣ берун бурдаанд.

Иттиҳодияи Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Русия аз ҳарду тараф хостанд, ки созиши оташбасро риоят кунанд. Тоҷикистону Қирғизистон ҳарду пойгоҳҳои низомии Русияро мизбонӣ мекунанд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар аз ҳарду кишвар хостааст, ки агар дар ин даргириҳо қонуни ҷанг поймол шуда бошад, масъулони онро бояд ба ҷавобгарӣ бикашанд.

Ҷанҷолу даъво дар марзи ду кишвар асосан барои замину обу чарогоҳ сурат мегирад. Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марзи муштарак доранд ва тақрибан нисфи он таъйину аломатгузорӣ нашудааст.

Рӯйхати 20 сарбозу ғайринизомӣ, ки Радиои Озодӣ маълум кард:

Низомиён:

  1. НУСРАТУЛЛО НАБИЕВ, 20-сола, ҷамоати Чоркӯҳ, сарбоз;​
  2. АСЛИДДИН АБДУЗАМОНОВ, 20-сола, сарбози нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Хумдони ноҳияи Нуробод;
  3. АБДУЛЛОҲ САИДОВ, 26-сола, афсари нирӯҳои марзбонӣ аз ҷамоати Изаттулло Ҳалимови ноҳияи Нуробод.
  4. МЕҲРӮЗИДДИНИ МУҲРИДДИН (БОЛТАЕВ), 26-сола, пизишки Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Исфара;
  5. МУҲАММАДУЛЛОҲ РАҶАБАЛИЗОДА, афсари 26-солаи дастаи таъиноти махсус (ОМОН)-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон;
  6. ҶАСУРҶОН СУЯРҚУЛОВ, марзбони 28-сола аз деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич;
  7. ҲАСАН АКБАРОВ, марзбони 31-сола аз деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор;
  8. САЛОҲИДДИН ГАДОЕВ, 28-сола, фармондеҳи яке аз дидбонгоҳи ноҳияи Мастчоҳ;
  9. ШЕРАЛӢ РАҲМАТЗОДА, сарбози қисми марзбонии Исфара;
  10. САФАР НАБИЕВ, сарбози қисми марзбонии Исфара;
  11. НЕКРӮЗ ҒАФУРОВ, сарбоз, сокини деҳаи Даҳбеди ҷамоати Қаратоғи шаҳри Турсунзода.

Ғайринизомиён:

  1. ҲАКИМБОЙ НИЁЗОВ, 39-сола, ҷамоати Чоркӯҳ​
  2. БАХТОВАР МАҲМУДОВ, сокини деҳаи Наймани ҷамоати Сурхи шаҳри Исфара;
  3. УМЕДҶОН ЮСУФОВ, сокини ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  4. ҲИКМАТУЛЛО МАҲКАМОВ, сокини ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
  5. ИБРОҲИМХОН ҲОШИМЗОДА, сокини маҳаллаи Навободи ҷамоати Чоркӯҳ, 26-сола;
  6. СОБИР ВАҲҲОБОВ, 51-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
  7. МАНУЧЕҲР ҚАЛАНДАРОВ, 40-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
  8. ДАЛЕР ЭШОНОВ, 33-сола, ҷамоати Чоркӯҳ;
  9. ҲУСЕЙНХОН ШАРОПОВ, ҷамоати Чоркӯҳ.