Сафи довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон кам шудааст

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Теъдоди довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст. Маркази миллии тестӣ хабар дод, ки дар муддати бештар аз як моҳ ҳудуди 65 ҳазор хатмкунанда худро дар марказ сатбином кардаанд, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздики 6 дарсад кам аст.