Сокинони деҳае дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ки зимистонаш шаш моҳ тӯл мекашад, аз надоштани роҳ ба марказ ва шароити дурусти зиндагӣ шикоят мекунанд.
Деҳаи Сафедоби Боло нӯҳ километр дур аз маркази ноҳияи Шамсидддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) ва дар наздикии марз бо Афғонистон ҷойгир аст.
Файзуло Ибодов, сокини ин деҳа мегӯяд, аз моҳи декбар то моҳи апрел ҳаракати мошин дар роҳи деҳа то марказ ғайриимкон мешавад.
Дар дохили деҳа мавҷи телефони мобилӣ намерасад ва барои 500 сокини он танҳо як пизишк хидмат мерасонад.
Хусрав Қурбонов, табиби деҳа мегӯяд, “шаш моҳи зимистон Худоро зора мекунанд, то нафаре бемори вазнин нашавад ва зарурати ба марказ бурдани бемор пеш наояд”.
Ба гуфтаи ӯ, бурдани бемор бо аспу хар то Беморхонаи марказии ноҳия мушкил аст.
Хабарнигори Радиои Озодӣ ду рӯзи моҳи январро дар ин деҳа гузаронд ва як филме аз рӯзгори мардуми он таҳия кард.
Филмро ин ҷо тамошо кунед.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад