Даврони нави "Як камарбанд – як роҳ". Чаро Чин талош дорад, ба кишварҳои атрофаш ёрӣ расонад?

Сӣ Ҷинпин

Бо эълони пирӯзӣ ба камбизоатӣ ва коронавирус, раиси ҷумҳури Чин роҳи нави рушди иқтисодро эълон кард. Роҳе, ки ба бовари Сӣ Ҷинпин метавонад, Пекинро аз мушкилоти даврони пандемия бираҳонад.

Изҳороти ӯ дар оғози моҳи март ва дар нишасти Шӯрои қонунгузор садо дод. Дар он тарҳи нави иқтисодии Чин, маъруф бо 14-умин барномаи рушди панҷсола, муаррифӣ шуд, ки ҳадафаш эълони ин кишвар ҳамчун давлати муосир ва абарқудраттарини ҷаҳон аст.

Чин чӣ кор карданист?

Сӣ Ҷинпин меъёрҳои аслиеро, ки метавонанд, роҳи рушди кишварашро дар 15 соли оянда муайян кунад, шарҳ дод. Дар пасманзари шиддат гирифтани рақобатҳо бо Амрико, таваҷҷуҳи аслии Пекин дар лоиҳаи нав ба рушди соҳаи технология равона шудааст. Он, ҳамчунин, барои Си Ҷинпин имкон медиҳад, усули идораи низоми худкомагӣ ва қудраташро дар кишвар тақвият бахшад.

Ҳарчанд ҳамоиш зоҳиран ба масоили иҷрои тарҳҳо ба манфиати дохилии Чин бахшида шуда буд, ба ҳимоят аз ҳадафҳои ҷаҳонии Пекин низ рабт дорад. Махсусан ба тарҳи "Як камарбанд - як роҳ", ки дар маркази сиёсати хориҷии Сӣ Ҷинпин қарор дошта, ҳадафи он таҳкими равобити сиёсӣ ва густариши нуфузи Чин тавассути тарҳҳои зербиноӣ ва сармоягузорӣ ба минтақаи АвруОсиё мебошад.

Рафаэлло Патуччи, ходими аршади Пажӯҳишҳои Royal United Services дар шоҳигарии Лондон, ба Радиои Озодӣ гуфт, "паёми аслӣ ин идома ёфтан ва дучанд кардани чизест, ки мо солҳо боз мушоҳида мекунем. Яъне, Чин мавқеи худро боз ҳам қавитар ва роҳро ба саросари ҷаҳон барои худ бозу васеътар месозад."

"Як камарбанд – як роҳ фақат як тарҳ нест"

Ван И

Вазири корҳои хориҷии Чин, Ван И, рӯзи 7-уми март дар нишасти матбуотии солонааш дар Пекин ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ кард. Ба қавли ӯ, ташаббуси "Як камарбанд - як роҳ" ба таъхир гузошта намешавад ва бо вуҷуди маҳдудиятҳои давраи пандемияҳои тарҳ татбиқ ва тавсеа хоҳад ёфт.

"Як камарбанд – як роҳ" фақат як тарҳи мушаххас не, балки диди маҷмӯӣ аст ва бинишҳоро мешавад дар сурати зарурӣ тағйир дод. Ҳоло мо айни ҳамин ҳолатро мушоҳида мекунем", -- гуфт коршинос Рафаелло Патуччи.

Ҳарчанд Пекин комёбиҳояшро дар амри ҷилавгирӣ аз COVID-19 ва нигоҳдории рушди иқтисод дар давраи пандемия намоиш медиҳад, ин кишвар бо фишору ҷолишҳои нави ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар ин авохир, ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ", бино бар нигаронии кишварҳо аз афзоиши қарз ба нокомиҳо дучор шуд. Кишварҳои зиёде, шуруъ аз Африқо то Осиёи Марказӣ аз Чин хостаанд, қарзашро бахшида, нақшаи тақдими қарзҳоро бозбинӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки Пекин ҳоло дар пайи барқарорсозии нуфузу мавқеи осебдидааш аз COVID-19 буда, инчунин, ба фишорҳои афзоянда аз сӯйи кишварҳои ғарбӣ, ки ба сиёсати Чин ихтилоф доранд, даст ба гиребон шудааст.

"Мушкилот ҳамчунон боқист"

Дар ин шароит, Пекин дар талоши дарёфти роҳу имкониятҳои нав барои нишон додани қудрати худ дар ҷаҳон шуда, бо ирсоли ёриҳои зиёди башариву тиббӣ дар амри пешгирӣ аз паҳншавии вирус ва бо ҷалби таваҷҷуҳ ба тағйирёбии иқлим аз ҷойгоҳи худ хабар дод. Ин ба тарҳи "Як камарбанд -- як роҳ" низ рабт дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз дӯстию ҳамкорӣ то даъвои “фурӯбарии Тоҷикистон”. Нигоҳе ба матолиби расонаҳои Чин

Дар ҷараёни нишасти хабарии худ вазири умури хориҷии Чин, Ван И, ҳамчунин ба ташаббусҳои анъанавии зерсохторҳо таъкид кард, аммо дар айни замон ба уфуқҳои наве, ба монанди дипломатияи пизишкӣ ва ёриҳои фанниву хориҷӣ низ ишора намуд. Чин ба як сармоягузори азими ҷаҳон табдил ёфтааст ва дар санади наве, ки моҳи январ аз сӯйи ҳукумати Чин тасвиб шуд, нақши раҳбарӣ ё барҷаста доштан дар самти ёриҳои байналмилалӣ аз аҳдофи ин кишвар дониста шудааст.

Аксар коршиносон ба ин боваранд, ки Пекин талош дорад, ваксина ва истифода аз таҷрибаи ахири муваффақаш дар роҳи мубориза бо камбизоатиро тавсеа диҳад. Ин барои дарёфти роҳҳои нави барқарор кардани равобит бо кишварҳои ҷаҳон равона шудааст.

Ҷан Син, ходими илмии Донишгоҳи омӯзгории Чин дар Шонгҳой, мегӯяд: "Коҳиши фақр ва ҳамоҳангсозии тиббӣ, ки бо пандемия ва оқибатҳои он рабт дорад, аз самтҳои аслии дипломатияи Чин хоҳад буд". Вай афзуд, ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" тарҳи бисёрҷанбаест, ки метавон ҳама корро ба василаи он анҷом дод.

Бо вуҷуди афзоиши имкониятҳо, ин лоиҳаи азими Чин низ бо сабаби пандемияи COVID-19 дар сатҳи минтақа ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст. Ҳамзамон нигарониҳо дар масоили қарзӣ, басташавии марзҳо ва маҳдудият дар равуо бо ҳамсояҳо, аз ҷумла бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, боиси пеш омадани мушкилоти зиёд, аз ҷумла дар самти тиҷорат шудааст.

"Додугирифт бо Осиёи Марказӣ суст шуд"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Сэм Паркер: Қарзҳои азими Чин пайомади хос доранд. Барои Тоҷикистон низ. ВИДЕО

Бино ба иттилои пойгоҳи ҷаҳонии энергетикӣ дар Донишгоҳи Бостон, пандемия тасвиби созишномаҳоро бо кишварҳои рӯ ба рушд дар соли 2020 шадидан кам карда, боис ба 43 дарсад ё то ба 4,6 миллиард доллар коҳиш ёфтани сармоягузории Чин ба тарҳҳои энергетикӣ шудааст.

Ва ҳарчанд пандемия боиси ба таври рекордӣ зиёд шудани ҳаракати мошин ва қаторҳои борбар аз Чин ба Аврупо шуд, аммо додугирифт бо Осиёи Марказиро суст кард. Танҳо ба шумораи маҳдуди мошинҳо гузаштан аз марзи Чину Қирғизистон иҷоза дода шудааст. Ҳоло ҳукумати нави Бишкек кӯшиш дорад, барои раҳоӣ аз оқибатҳои пандемия ин вазъро тағйир диҳад.

Рафъи мушкили убури марз ва рушди савдо рӯзи 3-юми март дар мулоқоти сарвазири Қирғизистон Улуғбек Марипов, бо Ду Девен, сафири Чин дар Бишкек матраҳ шуд. Зоҳиран ба ин зудӣ дар ин масъала тағйиротро набояд интизор шуд. Чун бо таваҷҷӯҳ ба вазъи COVID-19 дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Чин ҳамоно аз эҳтиёт кор мегирад.

Ин вазъ соҳибкорони тоҷикро ҳам, ки қариб як сол боз ба далели баста будани марз наметавонанд, корашонро идома диҳанд, ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст. Бисёре аз соҳибкорон шикоят мекунанд, ки дар ин шароит рақибони чиниашон тиҷорати онҳоро танг ва аз худ мекунанд. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, молу колои харидаашон моҳҳо боз дар Чин банд монда, тиҷораташонро дар кишвар беравнақ кардааст. Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон аст ва бештари молҳои ниёзи мардумро аз онҷо меоранд.

Тибқи омори соли 2020, воридот аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Чин дар муқоиса бо соли 2019 беш аз 45 дарсад коҳиш ёфтааст.

Русия ягона умеди Чин?

Танишҳо дар Покистон низ, ки он ҷо долони иқтисодии Чину Покистон ба маблағи 62 миллиард доллар ва дар доираи ташаббуси "Як камарбанд – як роҳ" амалӣ мешавад, шиддат гирифтаанд ва дар пасманзари ин ҳама монеаҳо тарҳи мазкур бо таъхир ва ба кундӣ пеш меравад.

Зоҳиран барои Чин ҳамоно тиҷорат ва равобити иқтисодӣ бо Русия чун як нури умед мемонад. Равобити сиёсии Пекин ва Маскав низ густариш меёбад. Ван И дар нишасти хабарии худ муфассал дар бораи ҳамкориҳои зичи ду кишвар дар соҳаҳои гуногун, шуруъ аз нақшаҳои сохтмони истгоҳи кайҳонӣ то талошҳои муштарак барои омодасозии ваксина нақл кард. Ван, ҳамчунин, гуфт, ду кишвар барои муқовимат бо "инқилобҳои ранга" талош доранд ва бо ишора ба ихтилофи муштараки Чину Русия бо ИМА афзуд, онҳо якҷо бо "вируси сиёсӣ" муқовимат мекунанд.

"Ин рӯшан аст. Ҳамкориҳои Чину Русия арзиши баланд дорад. Чин ба ин ҳамкориҳо таваҷҷӯҳи хос дорад ва дар мақобили хатару чолишҳои нави ҷаҳонӣ бо ҳам ҳамкорӣ мекунанд", -- афзуд Ван.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тарҳи Чин ба ҳамсояҳо чӣ медиҳад: қарзҳои ҳангуфт ё шукуфоӣ?

Яке аз чолишҳои асосӣ барои Пекин пайдо намудани роҳи ҳал дар рақобаташ бо Амрико аст. Чин мехоҳад, аз таҷрибаи сиёсати муваффақи дохили кишвар дар хориҷ аз он ҳам истифода намуда, ҳадафҳои худро бо василаи тарҳи азими "Як камарбанд як роҳ" амалӣ созад.

Чин кишвари дорои иқтисоди бузурги ҷаҳонӣ, аст, ки соли гузашта боз ҳам тавсеа ёфт ва бисёре аз ҳамсояҳо дар АвруОсиё умедворанд, ки рушди иқтисодии Чин ба онҳо дар амри раҳо шудан аз оқибатҳои пандемия мадад хоҳад кард. Аммо барқарор кардани баъзе бахшҳо, аз ҷумла дар масъалаи хароҷот дар худи Чин ҳамоно ташвишовар мемонад. Танзимкунандагон аз баланд шудани нархи амволи ғайриманқул нигарон ҳастанд.

Ҳо Фунг Ҳунг, пажӯҳишгари Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "раҳбарияти Чин бояд аз пайи ҳалли як қатор вазифаҳое шавад, ки нигоҳ доштани рушди иқтисод яке аз онҳо мебошад. Си бештар ба фикри қудрати сиёсӣ аст ва рушди иқтисод беҳтарин роҳ барои ҳифзи қудрат аст."