Дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва «Истиқлол»-и Душанбе ба финали Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-2021 роҳ ёфтанд.
«Хатлон» дар даври ниманиҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки имрӯз, 17-уми феврал, дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Ҳарду голро легионер Жан Гатен ба самар расонид.
Дар бозии дигари даври ниманиҳоӣ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Истиқлол»-и Душанбе «Регар-ТадАЗ-и Турсунзодаро бо ҳисоби 3:2 шикаст дод. Ба ду голи футболбозони «Регар-ТадАЗ» - Шерзод Маҳамадиев ва Диловаршо Ғаниев, бозигарони «Истиқлол» - Манучеҳр Ҷалилов (аз пеналти), Салам Ашурмамадов ва Зоир Ҷурабоев - бо се гол посух доданд.
Ба ин тартиб, дар бозии ниҳоии Ҷоми ФФТ-2021, ки рӯзи шанбеи 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии Душанбе соати 15:00 шуруъ мешавад, «Хатлон» ва «Истиқлол» бо ҳам рақобат мекунанд.
Дастаҳои "Равшан" ва "Регар-ТадАЗ" барои ҷойи севум мубориза мебаранд. Ин бозӣ. 20-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор соати 11:00 оғоз меёбад.
Бояд тазаккур дод, Ҷоми ФФТ аз соли 2012 бори даҳум сурат гирифтааст. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардааст. “Истиқлол”-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, “Хайр”-и Ваҳдат ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.
Ҷоми ФФТ-2021
17-уми феврал (чоршанбе)
Даври ниманиҳоӣ
«Хатлон» – «Равшан» – 2:0
Голҳо: Жан Гатен НД, 33 (1:0). Жан Гатен НД, 90+2 (2:0).
«Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
Голҳо: Шерзод Маҳамадиев, 5 (0:1). Диловаршо Ғаниев, 26 (0:2). Манучеҳр Ҷалилов, 56 – аз пеналти (1:2). Салам Ашурмамадов, 77 (2:2). Зоир Ҷурабоев, 82 (3:2).
20-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷойи севум
11:00 – «Равшан» – «Регар-ТадАЗ». Варзишгоҳи марказии Ҳисор
Финал
15:00 – «Хатлон» – «Истиқлол». Варзишгоҳи марказии Душанбе
Натоиҷи ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):
2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0
2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – ССКА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5
2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0
2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1
2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0
2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1
2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1
2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2
2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2