Абдулло Давлатов: Саъдиннисо Ҳакимова кӣ буд?

Саъдиннисо Ҳакимова

Саъдиннисо Ҳакимова, донишманди маъруф ва пизишки амрози занонаи Тоҷикистон, панҷ сол пеш даргузашт. Агар ӯ зинда мебуд, 20-уми декабри имсол ба синни 96 мерасид. Ҳакимова нахустин доктори илми тиб дар Тоҷикистон ва аввалу ягона узви вобастаи Академияи улуми тибби Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Абдулло Давлатов, пизишки тоҷики муқими Русия

Ҳоло мехоҳам аз се суҳбат бо муаллима ёд биёварам, то хонанда худаш хулоса кунад, ки Саъдиннисо Ҳакимова чӣ шахсияте буданд.

СУҲБАТИ АВВАЛ

Вақте аз кафедраи ҷарроҳии умумии бемористони рақами 5-и Душанбе ("Медгородок") ба Пажӯҳишгоҳи ҳифзи кӯдаку модар даъват шудам, муаллима баъд аз суҳбат фармуданд, то дар бораи андрология мавод таҳия кунам. Баъд фаҳмидам, ки ҳамагӣ ҳашт нафар будаем.

Як моҳ аз Китобхонаи илмии тиббӣ қариб берун намерафтам ва ахиран мавод таҳия шуду назди муаллима рафтам. Мудирони шуъбаи генетикаи тиббӣ Роберт Александрович, шуъбаи иммунология Лилия Валентиновна, шуъбаи ҳормонӣ Гаврилов ва шуъбаи гинекология Қумриннисо Ҳафизовнаро даъват карданду аз ман имтиҳон гирифтанд.

Навиштаам аз сад саҳифа иборат буд. Он замон компютер набуд, бо қалам навиштаву сурат кашида будам. Дафтарамро варақ заданд ва Саъдинисо Ҳакимова саволе доданд, ки дар ақлу ҳушам эҳсосоти дугонаи шарму таҳсин бедор шуд:

- Адабиёти илмӣ чӣ мегӯяд - чанд дарсади оилаҳои бефарзанд бо айби мардҳост?

Гуфтам: - Аз 45 то 53% омадааст (он замон чунин рақамҳо буданд).

Каме андеша карданду гуфтанд: - Куҷое то 57% фоиз хонда будам. Шояд хато карда бошам...

Ногаҳ ба хотирам омад, ки олимони Шветсария навишта буданд, ки дар он кишвар то 57% безурётӣ бо айби мардон аст.

Абдулло Давлатов

Узр пурсидаму гуфтам: - Саъдиннисо Ҳафизовна! Бубахшед, хато кардаам, на Шумо! Воқеан ҳам дар маҷаллаи англисии "Andrologia" олимони Швейтсария овардаанд, ки дар 57 дарсади ҳолатҳо мардон сабаби безурётӣ ҳастанд.

Аҷиб, ки муаллима аз ман қариб 40 сол калонтар буданд, вале зеҳну ақли ҷавон ва ҳофизаи қавие доштанд, ки ҳатто чунин нозуктарин мавзуъҳо ва санадҳоро дар хотир доштаанд. Баъди имтиҳон Лилия Валентиновна гуфтанд: “Ин ҳофизаро бинед, ман рақамҳои тахассуси худамро бо азобеву такрор ба такрор дар хотир мегирам, вале муаллима...”

СУҲБАТИ ДУВУМ

Боре ба наздам шахсе омад ва хоҳиш кард, барои омӯхтани андрология дар донишгоҳҳои марказӣ (Маскаву Ленинграду ғайра) роҳхат диҳам. Он замон дар Тоҷикистон ягона андрологи расмӣ будаму мутахассиси ғайриштатии вазорат низ ҳисоб мешудам, чун пажуҳишгоҳамон дар ин самт марказӣ буд.

Дидам, ки он шахс фарзанди яке аз чеҳраҳои шинохта ва аз авлоди таъсиргузор ба ҷумҳурист. Ба назди Саъдиннисо Ҳакимова рафтаму арз кардам. Муаллима гуфтанд: “Дар Тоҷикистон дигар одам нест, ки ҳамаҷо ҳамин оила бошанд?! Ба ҳамаи бемористонҳои вилоятиву шаҳрӣ телеграмма фиристеду эълон кунед, ки на кам аз 3 духтури ҷавонро барои озмун интихоб кунанд. Аз байни онҳо беҳтаринашонро ҷудо карда, барои такмили ихтисос мефиристем. Дар ҷумҳурӣ зарурати чунин мутахассисон ҳаст. Ин кас ҳам агар дар озмун муваффақ шаванд, мефиристем.”

"Хуб" гуфтаму тарафи дар равон шудам, ки садои муаллима омад: “Гӯед, ба пешам биёяд, худам мефаҳмонам - боз ягон балоро ба саратон наоранд...”

Чунин буданд муаллима дар интихоби мутахассисону пуштибонӣ аз кормандонашон ва саҳмгузорӣ дар рушди илму тандурустии Тоҷикистон!

СУҲБАТИ СЕВУМ

Нафаре ба қабул омада буд. Баъди таҳқиқоти лабораторӣ ва муоина хулоса шуд, ки ӯ наметавонад соҳиби фарзанд шавад. Ба он кас фаҳмонидам, ки вазъ чунин аст ва набояд вақташро ба муоинаҳои беҳуда сарф кунаду ба саломатияш тавассути истифодаи доруҳои беҳуда зарар расонад. Чаро, ки аз рӯйи таърихи муоинаҳову муолиҷаҳояш маълум буд, ки солҳои дароз табобати изофавии нозарур гирифтааст.

Он мард, ки 37-сола буд чизе нагуфту хомӯшона бо сари хам каме сукут кард ва вақте сарашро бардошт дидам, ки аз чашмонаш ашк равон аст. Ӯ гуфт: “Додар, ҳазор раҳмат! Албатта, на барои ин хабарро расониданат - ин хабари шум аст. Раҳмат барои росташро гуфтан! 15 сари сол назди фалонӣ (номашро гирифт) мерафтам. Дар ин 15 сол ҳар ҳафта пули моҳонаи якмоҳаашро медодам, аз молу колои беҳисоби барояш бурда намегӯям...”

Баъд бо дуруштиву дашноми зиёд нисбат ба он духтур хабар дод, ки ӯ доим дилпураш мекардааст, ки "фарзанд мешавад". Инсони хубе менамуд. То замони аз Тоҷикистон рафтанам гоҳе меомаду суҳбат мекардем.

Пас аз шунидани он ҳарфҳо ва мушоҳидаи гиряи он мард назди муаллима рафтаму воқеиятро баён кардам ва гуфтам, ки шояд чорае бинем, ки дар ҷумҳурӣ аз чунин ҷиноятҳо пешгирӣ шаванд. Саъдиннисо Ҳафизовна ба тиреза нигоҳ карданду гуфтанд: “Ду нафаранд инҳое, ки нисбат ба мардум хиёнату ҷиноят мекунанд , яктояш дар "Қарияи Боло"-ву дигараш дар поликлиникаи рақами 1 (номҳояшонро намеорам агарчӣ онҷо садо дода буданд). Ҳардуяшон уролог ҳастанду аз худ андролог метарошанд ва мардумро фиреб медиҳанд. Шуморо барои такмили ихтисос ба Маскаву Киеву Харков фиристодам ва мехоҳам дар Тоҷикистон мактаби андрологияро равнақ диҳам.”

То инҷо суханҳои овардаам тахминӣ буданд, ҳарчанд мазмунашон дар хотирам ва хотираҳоям ҳаст. Вале, ҳоло ҳарфҳои устодам Саъдиннисо Ҳакимоваро айнан меорам: "Пулу молро ёфта мешавад. Аммо соҳибилм шудану мутахассиси хуб шудан на ба ҳама муяссар мешавад. Тассавур кунед, ки агар чун онҳо аз пайи пулу мол надаведу соҳибкасб шавед ва бо розигии Худо сабаб шавед, ки ҳадди ақал як оила соҳиби фарзанд шавад, то охири ҳаёташон онҳо дар ҳаққи Шумо дуои хайр хоҳанд кард."

Он кас бо зердастонашон на фақат ҳамчун роҳбар муносибат мекарданд, балки ҳамчун модари сахтгире буданд, ки бояд фарзандонаш тарбияи дуруст, саводу дониши комил ва касбияти аъло медоштанд.

Гоҳе хаёл мекунам, ки Саъдиннисо Ҳакимова на танҳо бо кормандонашон рафтори модарона доштанд, балки худро вазифадор меҳисобиданд, ки бояд ба ҳамаи модарони ҷавону кӯдакони Тоҷикистон муносибати модарона кунанд. Ва аз ин хотир Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак таъсис ёфту соҳаи гинекологияву педиатрии Тоҷикистон рушд кард.

Пешниҳод мекунам, агар дар Тоҷикистон "Рӯзи Модар" таҷлил мешавад - он бояд рӯзи таваллуди ҳамин олим бошад.

Аз Идора. Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.