Суолҳои бепосух доир ба 15 сол пеш зиндонӣ шудани Маҳмадрузӣ Искандаров. ВИДЕО

Маҳмадрӯзӣ Искандаров

Роҳбари собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ширкати “Тоҷикгаз” 17 сол қабл дар пойтахти Русия нопадид шуда, сипас ба таври мармуз дар Тоҷикистон пайдо шуд.

Ҳамтоёнаш мегӯянд, ки истирдод ва зиндонӣ шудани Искандаров оғози раванди саркӯбии мухолифони тоҷик буд, ки дар ниҳоят бо манъи фаъолияти Ҳизби ҳамакнун мамнӯи наҳзати исломӣ анҷомид.

Видеоро инҷо тамошо кунед.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Суолҳои бепосух доир ба 15 сол пеш зиндонӣ шудани Маҳмадрузӣ Искандаров

Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар сӯистифода аз мақоми хидматӣ, тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва роҳзаниву фаъолиятҳои террористӣ айбдор дониста шуд. Ҳарчанд Искандаров ба бегуноҳии худ ҳамчунон итминон дорад, аммо соҳибназарон мегӯянд, ки чунин наҳваи истирдод хоси кишварҳои худкома аст.

"ИСКАНДАРОВ ДАР ЗИНДОН САЛОМАТ АСТ"

Тозатарин хабар дар бораи Маҳмадрӯзӣ Искандаров ин аст, ки саломат аст ва аз шароити нигаҳдориаш дар зиндон шикояте надорад. Ҳарчанд, Мансурҷон Умаров, сардори умури зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон дар бораи ин маҳбус иттилои зиёде надод, аммо гуфт, ки “ду ҳафта қабл бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров дидор доштам ва саломатиаш хуб аст”.

“Сару садоҳо дар бораи гирифториаш ба бемории ҳамагири коронавирус воқеият надоранд. Ӯ бардам аст ва аз шароити нигаҳдориаш шикояте надорад”,--гуфт ин мақомдори тоҷик.

Зимнан, 9-уми декабри соли 2003 Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар шаҳри Москва нопадид шуд ва сипас ба таври мармуз дар Душанбе пайдо шуд. Темур Тошев, додари Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар тамоси катбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамарӯза дар Москва бо вай тамоси телефонӣ дошт.

“Ӯ худро комилан бегуноҳ медонист ва мехост ба Тоҷикистон баргардад ва ҳатто билети самолёт харидорӣ карда буд”,-- гуфт Темур Тошев.

Дар посух ба ин савол, ки магар Маҳмадрӯзӣ Искандаров аз эҳтимоли истирдодаш ба Тоҷикистон ҳарос надошт, Темур Тошев навишт, ки “ӯ ба бегуноҳиаш бовар дошт ва ба ин далел чунин тарсе надошт”.

“Вақте аз дурӣ нигоҳ мекунӣ, аён мешавад, ки Тоҷикистон аз Русия ҷудо нест ё истиқлолият мегӯянду фақат як парчам дигар шудаасту Тоҷикистон ҳамчунон бозичаи дасти русҳо аст”,-- афзуд Темур Тошев.

ВАКИЛ: Ӯ ҒАЙРИҚОНУНӢ РАБУДА ШУД

Анна Ставитская, вакили мудофеи Маҳмадрӯзи Искандаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки нафари таҳти ҳимояташ ғайриқонунӣ аз Русия рабуда шуда буд.

Ӯ гуфт, “ҳангоми сайругашт бо сагаш дар наздикии манзилаш рабуда шуд ва бо кадом роҳе ба Душанбе интиқол ёфт. Дар бораи наҳваи интиқолаш фарзияҳои мухталифе вуҷуд доранд, аммо муҳим ин ки Душанбе ба ҳадафаш расид ва ӯро зиндонӣ кард. Додгоҳи Аврупо қарор кард, ки интиқолаш ғайриқонунӣ аст ва бояд ба Русия баргардонида шавад. Аммо, Тоҷикистон узви Додгоҳи Аврупо нест ва ин қарорро иҷро накард. Русия ҳам барои бозпас гирифтани Маҳмадрӯзӣ Искандаров ҳеҷ иқдоме рӯйи даст нагирифт ва ӯ ҳамчунон дар зиндон аст”.

Муҳаммадрузӣ Искандаров соли 1999, баъд аз имзои созишномаи сулҳи тоҷикон ва бозгашти мухолифон ба Тоҷикистон раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб шуд. Ӯ ҳамчунин тибқи саҳмияҳои сидарсадӣ аз сӯйи мухолифон ба вазифаи раиси ширкати “Тоҷикгаз” пешниҳод шуда, тӯли чанд сол дар ин вазифа кор кард.

5-уми октябри соли 2005 бо ҳукми додгоҳи Олии Тоҷикистон ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

Як мақоми огоҳ аз тафтишот, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, додгоҳ гуноҳҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаровро пурра собит кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, “сӯистифода аз мақоми давлатӣ ва тасарруфи маблағҳои корхонаи давлатӣ дар додгоҳ тасдиқи худро ёфтанд”.

ОҒОЗИ САРКӮБИИ МУХОЛИФОН?

Аҳмадшоҳ Комилзода, яке аз поягузорони Ҳизби демократи Тоҷикистон ва аз дӯстони Маҳмадрӯзӣ Искандаров мегӯяд, ки дар оғози даҳаи 1990 ба роҳбарии Тоҳири Абдуҷаббор гуруҳи нахустини ислоҳталабони тоҷик бо номи “Растохез” ҷамъ омада буданд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ шомили ин гурӯҳ буд.

Ӯ гуфт: “Дар нишастҳои ин гуруҳ шахсиятҳои маъруфи доираҳои адабиву фарҳангии он замон ба мисли Бозор Собир ва Ойниҳол Бобоназарова ҷамъ меомаданд. Нафароне низ буданд, ки ҳоло дар вазифаҳои баланди давлатӣ ифои вазифа мекунанд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ ба ин нишастҳо меомад ва вақте ташаббуси таъсиси Ҳизби демократ пайдо шуд, ӯ ин иқдомро ҷонибдорӣ кард. Баъд аз анҷоми ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон вай роҳбарии ин ҳизбро ба зимма гирифт”.

Дар посух ба ин савол, ки чӣ омиле сабаб шуд, ки тасмими боздошти Маҳмадрӯзӣ Искандаров гирифта шуд, Аҳмадшоҳи Комилзода гуфт, ки сабабҳо мухталифанд, вале ин амр нишони оғози саркӯбии мухолифон буд.

“Вақте мақомот нерӯ пайдо карданд, онҳо тасмим гирифтанд, мухолифонро ҷазо диҳанд”,--афзуд Аҳмадшоҳи Комилзода.

"РАИС" ДАР ЗИНДОН

Ҳафтаномаи “Азия Плюс” чанд сол қабл матни сӯҳбатеро бо яке аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолиф нашр кард, ки чанд муддат дар зиндоне якҷо бо Маҳмадрӯзӣ Искандаров адои ҷазо кардааст.

“Ӯро дар зиндон то ҳол ҳама бо номи “раис” ба ӯ муроҷиат мекунанд. Роҳбарияти зиндон низ бо вай муомилаи хуб доранд. Вай ҳамарӯза бо варзиш машғул мешавад ва пайваста аз тариқи расонаҳо вазъи сиёсиву иқтисодӣ дар Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад”,--гуфтааст мусоҳиби “Азия Плюс”, ки ҳафтанома аз бурдани номи дақиқаш худдорӣ кардааст.

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари мустақили тоҷик дар шарҳи муҳокимаи парвандаи Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар додгоҳ мегӯяд, ки таҳқиқ ва баррасии он ба таври шаффоф сурат нагирифта буд.

“Вақте, ки мухолифони сиёсиро муҳокима мекунанд, ин гуна муҳокимаҳо бояд аслан ошкор бошанд, вале дар Тоҷикистон ва кишварҳои автократӣ, ҳеҷ гоҳ ин гуна муҳокимаҳо ошкор ва одилона баргузор намешаванд. Чун дар сурати одилона сурат гирифтани муҳокимаҳо исботи гуноҳи Муҳаммадрузӣ Искандаров хеле душвор мешуд”,--гуфт ӯ.

Тибқи иттилои манобеи мухталиф, феълан Маҳмадрӯзӣ Искандаров дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад. Баъд аз содир кардани гуноҳе дар гузашта ӯро ба зиндони шаҳри Бохтар интиқол дода буданд, аммо феълан ба маҳбаси пойтахти кишвар бозгардонида шудааст.