Амрико дар интизори натиҷаҳои интихобот

Ҳисоби овозҳо дар шаҳри Филаделфияи аёлати Пенсилвания 

Доналд Трамп дар утоқи шарқии Кохи Сафед дар бораи аввалин натиҷаҳои овоздиҳӣ сӯҳбат мекунад. Дар изҳороти худ Трамп таъкид кард, ки ба таҷлили "натиҷаҳои фавқулода"-и интихобот омода мешавад. Муовини президент Майк Пенс, ки баъди ӯ суханронӣ кард, Трампро бо пирӯзӣ табрик гуфт  

Ҷо Байден ҳангоми суханронӣ дар назди тарафдоронаш дар шаҳри Вилмингтони аёлати Делавер ҳамаро ба сабру интизорӣ даъват кард ва айни замон ба пирӯз шуданаш изҳори бовар намуд. 

Тарафдорони Трамп дар шаҳри Майамии аёлати Флорида пирӯзии президентро таҷлил мекунанд

Тарафдори Ҳизби демократ натиҷаҳои интихоботро дар Майами назорат мекунад 

Мардум тавассути дастгоҳҳое, ки дар муқобили Кохи Сафед насб шудаанд, ба таври зинда натиҷаҳои аввалияи интихоботро назорат мекунанд. Ин телевизионҳо дар як гӯшаи кӯчае насб шудаанд, ки июни соли 2020 ба хотири маъракаи "Зиндагии сиёҳпӯстон ҳам аҳамият дорад" ба  Black Lives Matter Plaza тағйири ном кард. 

Мухолифони Трамп дар кӯчаи Black Lives Matter Plaza дар наздикии Кохи Сафед  

Тарафдорони Ҷо Байден ва Камола Ҳаррис дар майдони Макферсони назди Кохи Сафед натиҷаҳои аввалияи овоздиҳиро назорат мекунанд  

Амрикоиҳои ветнамиасл - ҷонибдорони Трамп - ба назорати овоздиҳӣ дар Ҳюстони Техас омода мешаванд  

Нусхагириву ҳисобу китоби варақаҳо дар нуқтаи овоздиҳии Майами-Дэйди Флорида

Дар як тарабхонаи шаҳри Атлантаи аёлати Ҷорҷиа мардум эълони натиҷаҳои аввалияро назорат мекунанд 

Дар маъракаи махсусе тарафдорони Трамп тавассути Fox News натиҷаҳои аввалияро назорат мекунанд. Ин маърака дар шаҳраки "пиронсолон"-и Те-Виллиҷиси Флорида ташкил шудааст  

Як ширкатдори намоиши эътирозии зидди Трамп дар Ню-Йорк

"Раҳпаймоии тарафдорони ҳуқуқи интихоботӣ" як ҳаракати зидди Трамп дар минтақаи Греми Каролинаи Шимолӣ  

Санҷишу ҳисоби варақаҳои райъдиҳӣ дар Денвери Колорадо 

Намоиши зидди Трамп дар Портленди Орегон  

Мардум дар Тайм-сквери Ню-Йорк барои шунидани натиҷаҳои интихобот ҷамъ шудаанд