Ширкатҳои русӣ гуфтаанд, ки муҳтоҷи муҳоҷирони корӣ шудаанд

Муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ. Санкт-Петербург, моҳи апрели 2020

Тақрибан 40 дарсади корхонаҳо дар Русия, ки одатан бо ҷалби муҳоҷирон фаъолият доштанд, дар давраи пандемия бо камбуди коргар рӯ ба рӯ шудаанд.

Нашрияи “Ведомости” бо такя ба пурсиши Маркази таҳқиқоти стратегии Русия навишт, ширкатҳо аз камбуди “курйерҳо” ва ронандаҳои такси азият мекашанд. Кордиҳандаҳо иқрор шудаанд, ки бо ҷалби муҳоҷирон харҷи камтаре хоҳанд дошт.

35 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, муҳоҷирон дар муқоиса ба шаҳрвандони Русия “беҳтар кор мекунанд” ва 19 дарсадашон гуфтаанд, “муҳоҷирон ба монанди шаҳрвандони маҳаллӣ зуд-зуд корро иваз намекунанд”.

Кордиҳандаҳо гуфтаанд, танҳо паҳлӯи манфии кор бо муҳоҷирон “фарқи зеҳниву фарҳангӣ ва надонистани забон” аст. Мушкили сангинтари кор бо ҷалби муҳоҷирон, ба қавли онҳо, “монеаву мушкилоти зиёди бюрократӣ доштааст”.

Дар ин бора 37 дарсади кордиҳандаҳо дар пурсиш таъкид кардаанд. Боз 27 дарсади дигар шикоят кардаанд, ки харҷи хонаву нақлиёти муҳоҷирон ҳам ба дӯши онҳо мебошад.

Мушкили пандемия ва қатъи парвозҳои маъмулӣ бо Русия боис ба он шуд, ки дар Русия камбуди нирӯи корӣ эҳсос мешавад. Муҳаққиқон мегӯянд, дар фурсати наздиктарин 15 дарсади ширкатҳо бо мушкили ҷалби нирӯи корӣ дучор мешаванд ва дар сурати камбуди нирӯи кории хориҷӣ, ночор ба бозори дохилӣ рӯй меоранд.

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ва раиси Маркази тоҷикон дар Маскав мегӯяд, бар асари пандемия бисёре аз корхонаву идораҳо дар Русия бе нирӯи корӣ монда, ба муҳоҷирон эҳтиёҷи зиёд ба вуҷуд омадааст.

Ӯ гуфт, “на 40 дарсад, балки аз он бештар корхонаҳо бо камбуди нирӯи муҳоҷирон рӯбарӯ ҳастанд”. Вале афзуд, дар сиёсати кору муҳоҷират дар ин кишвар ҳамоно ноҳамоҳангӣ ва ихтилоф боқӣ мемонад.

“Ҳамарӯза ба созмони мо аз ҷониби корфармоҳо муроҷиат мешавад, ки ба коргар ниёз доранд. Масалан, як ширкати бузурги “Газпром” ба мо барои ҷалби 3 ҳазор нирӯи корӣ ариза додааст. Онҳо дар Санкт-Петербург мехоҳанд, бино бисозанд, вале корманд надоранд. Мо аз тамоми Русия барои “Газпром” корманд ҷамъ мекунем. Вале вақте вориди додгоҳҳо мешавӣ, мебинӣ, ки ҳар рӯз 20-25 нафарро бо қарорҳои дурӯғин аз Русия ихроҷ мекунанд”, -- шарҳ дод Иззат Амон.

Ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон гуфт, шахсони ихроҷшуда ҳаққи гирифтани иҷозаи корро надоранд ва айни замон ба кишвари худ баргашта наметавонанд. “Ин ҳолат ҳам ба муҳоҷирон ва ҳам ба ин кишвари ташнаи нирӯи корӣ мушкил эҷод мекунад”, -- афзуд ӯ.

Аз ин пеш шаҳрдори Русия Сергей Собянин гуфт, соли 2020 дар Маскав шумори муҳоҷирони корӣ 40 дарсад кам шуд. Собянин гуфт, камбуди муҳоҷирон дар фасли зимистон мушкилоти зиёд эҷод мекунад, чун муҳоҷирони корӣ, бахусус шаҳрвандони Тоҷикистон дар корҳои хоҷагии коммуналӣ бисёр кор мекунанд.

Дар Тоҷикистон бисёре аз хонаводаҳо аз ҳисоби даромади наздикони муҳоҷирашон зиндагиро пеш мебаранд ва пандемия ба вазъи иқтисодии ин хонаводаҳо таъсир гузошт. То соли 2019 ба ҳисобҳои гуногун соле аз 600 ҳазор то 1 миллион сокини Тоҷикистон дар Русия бо ҳадафи кор қарор доштанд.

Дар ҳоле ки бо сабаби набудани парвозҳо бо Русия садҳо ҳазор дар Тоҷикистон дармондаанд ва наметавонанд ба ин кишвар раванд, ҳамингуна садҳо ҳазори дигар дар Русия бе кор ва даромади маъмулӣ банд мондаанд.