Тақрибан ним сол пеш мардум бо нигаронӣ аз вуҷуди коронавируси нав ба бозорҳои Тоҷикистон рехтанд, то бештар маҳсулоти ғизоӣ захира кунанд, вале талаботи зиёд нархи орду равғану биринҷ ва картошкаро якбора гарон кард. Сокинон мегуфтанд, ки аз эҳтимоли баста шудани бозорҳо ва камёфт шудани маҳсулот нигаронанд. Мақомот ба ин назар буданд, ки мардум ба воҳима афтодаанд ва ташвишашон бепоя аст. Бо гузашти тақрибан ним сол хабарнигорони Радиои Озодӣ ба чанд бозори пойтахт сар заданд, то бубинанд, дар ин давра шиддати таҳлука то куҷо расида ва нархи маҳсулот то куҷо расида.
Агар дар фасли баҳор арзиши як кило картошка то 10 сомонӣ ва як халта орди 50-килоӣ то 300 сомонӣ ва бештар аз он боло рафта буд, ҳоло ин нархҳо мутаносибан ба 2,5 сомонӣ ва 220 сомонӣ баробар аст.
Мақсадуллоҳ Каримов, як сокини шаҳри Душанбе, сохтмончӣ аст ва ӯ аз чунин нархҳо дар бозор хушҳолӣ мекунад. Вай мегӯяд, ҳарчанд ин нархҳо барои бахше аз аҳолии Тоҷикистон ҳанӯз гарон ҳастанд, дар муқоиса ба панҷ-шаш моҳи гузашта муносибанд.
"Нархи гӯшт 55 сомонӣ ва баъзан аз он боло буд, ҳоло 48-50 сомонӣ шудааст. Гӯшти мурғ дар бозорҳо пайдо шуд. Пиёз ҳам арзон аст, дар фасли баҳор қимат буд. Картошка ҳам гарон буд, ҳозир 2 сомониву 50 дирам аст. Дар баъзе ҷой ба 2 сомонӣ ҳам гирифта мешавад", -- нақл кард ӯ.
Дар фасли баҳор ва дар пайи нигарониҳо аз бемории COVID-19 нархи як кило лимӯ то ба 70 сомонӣ боло рафта буд. Ҳоло нархи он 10 сомонӣ шудааст. Беҳрӯз Олимов, тоҷири лимӯфурӯш мегӯяд, сабаби арзоншавӣ пешниҳоди зиёди ин мева аст: "Пештар як кило лимӯро ба шаст сомонӣ ва бештар аз он мефурӯхтем, ҳоло маҳсулот зиёд шудааст ва як килои онро ба даҳ сомонӣ медиҳем."
Сабаби то ҳадде арзон шудани баъзе аз маҳсулотро тоҷирон гуногун шарҳ медиҳанд. Баъзеҳо мегӯянд, баста шудани роҳҳо содиротро камтар кард ва маҳсулот дар дохил арзон шуд. Иддае дигар бовар доранд, тавони харидории мардум кам шуд ва тоҷирон ночор нархҳоро то ҳадди мумкин поин оварданд. Мақомот вазъро пурра ва расман шарҳ надодаанд.
Дар оғози паҳншавии бемории COVID-19 мардум ба таҳлука афтода, миқдори зиёди ғизоро захира мекарданд. Бештаре аз сокинон аз таҷрибаҳои пешина ба ин бовар буданд, ки дубора пойин омадани нархҳо дар бозор ғайриимкон аст.
Фахриддин Холов, як масъули бозори "Меҳргон" дар пойтахт мегӯяд, ҳоло дар бозор бештар маҳсулоти кишоварзони тоҷик ба фурӯш гузошта шудааст, ки қаблан танҳо содирот мешуданд.
"Айни замон нархи картошка, ки дар аввали пандемия то 10 сомонӣ боло рафта буд, аз 2 то 2 сомониву 50 дирам аст. Пиёз аз 1 сомонӣ то 1 сомониву 50 дирам. Сабзӣ ҳам аз 1 сомонӣ, то 1 сомониву 50 дирам. Марзҳо ки баста аст, кишоварзон маҳсулоти парваридаи худро танҳо дар бозорҳои дохилӣ мефурӯшанд."
Сабаби дигари пойин омадани арзиши маводи ғизоиро дар бозори "Меҳргон" ташкили ба истилоҳ "ярмаркаи" маҳсулоти кишоварзӣ донистанд. Ин "ярмаркаҳо" бо дастури мақомоти кишвар ба сурати доимӣ дар бозор фаъол аст ва тоҷирон ночор ҳастанд ба нархҳои ин фурӯшгоҳ тиҷорати худро мутобиқ созанд. Дар акси ҳол, харидорон маҳсулоти тоҷиронро бо нархҳои баландтар нахоҳанд гирифт.
Маъруфҷон Шарифиён, намояндаи тиҷоратии вилояти Суғд дар Душанбе мегӯяд, аз мақомоти вилоят дастур гирифтаанд, ки барои ғанӣ сохтани маҳсулот дар бозори "Меҳргон" саҳм бигиранд. Ӯ гуфт, "14 шаҳру ноҳияи вилоят барои ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ иштирок мекунанд, ки нархҳои маҳсулот дар шаҳри Душанбе дастрас бошад. Мо ҳар рӯз беш аз 25 тонна маҳсулоти кишоварзиро ба мардуми шаҳри Душанбе бо нархи дастрас пешниҳод мекунем."
Аз сӯи дигар, ба гуфтаи иқтисоддонҳо, феълан мавсими ҷамъоварии ҳосили кишоварзон аст ва дар сурати баста будани марзҳо онҳо ночор маҳсулоти худро ба ҷойи содирот ба кишварҳои минтақа вориди бозорҳои дохилӣ мекунанд. Ҳамчунин, бӯҳрони иқтисодӣ дар пайи хуруҷи COVID-19 ва пойин омадани имкони харидории сокинон кишоварзонро водор мекунад, ки маҳсулоти парваридаи худро бо нархи арзон ба фурӯш гузоранд.
Бисёриҳо тахмин мезананд, ки ин вазъяит метавонад муваққатӣ бошад, яъне "набардорад - кам кун" ва дар сурати муносиб шудани вазъ бозор кори худро хоҳад кард: "бардорад - зам кун".
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад