1-уми июл, дар рӯзи аввали муҳокимаи шахси муттаҳам ба қатли Диловаршо Шомиров, корманди як нуқтаи мошиншӯӣ, дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷузъиёти нави кушта шудани ӯ ошкор шуд.
Ҷасади Шомировро моҳи март аз қади кӯча ёфтанд. Мутахассисони маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ дар аввал гуфтанд, ӯ ба сабаби сактаи мағзӣ фавтидааст, вале баъд аз шикояти пайвандонаш эълон карданд, ки бар асари латту кӯб ҷон бохтааст.
Умриннисо Шомирова, модари Диловаршо Шомиров, 1-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, то кунун бо иттиҳоми даст доштан дар қатли писараш ҷавонеро бо номи Абдулмуъмин Халилов дастгир кардаанд ва парвандааш дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Вале, ба қавли ӯ, яке аз шоҳидон дар мурофиаи нахустин баёнот додааст, ки дар қатли Диловаршо Шомиров ду нафар даст доштанд.
Чунин гардиш метавонад тақдири гумонбарро дигар созад. "Шоҳиди ин ҷиноят, ки аз дохили манзилаш латукӯби писарамро дидааст, дар додгоҳ баёнот дод, ки Диловаршоро ду нафар мезаданд. Агар ин ҷузъиёт тасдиқ шавад, айбнома нисбат ба қотил бояд иваз ва сангинтар карда шавад", -- нақл кард Умриннисо Шомирова.
Назари ҷониби дигари баҳс ҳанӯз дастрас нест. На наздикон ва на вакили мудофеи Абдулмуъмин Халилов чизе нагуфтаанд.
Баҳодур Исозода, қозии парвандаи Абдулмуъмин Халилов, ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ба гумони қатли Диловаршоҳ Шомиров тибқи қисми яки моддаи 104-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳама аст ва ба ӯ аз 8 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.
Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Рӯзи 22-юми марти имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷасаде дар яке аз роҳравҳои назди корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе нашр шуд. Зери акс навишта буданд, ки маълум нест ҷасади кист. Дертар наздикони Диловаршо Шомиров ӯро шинохтанд ва аз пайи таҳқиқи маргаш шуданд.
Дар ибтидо мутахассисони маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ ба хешовандони Диловаршо Шомиров хулосаеро пешниҳод кардаанд, ки фарзандашон аз сактаи мағзӣ фавтидааст.
Нуриддин Шомиров, падари Диловаршо Шомиров мегӯяд, ҳангоми ошкор шудани ҷасади писараш дар он нишонаҳои зиёди латукӯб мушоҳида мешуд: "Вақте ҷасадро оварданд ва мехостем ӯро бишӯем, дидем, ки гӯши писарам шикаставу варам буд. Дар дасту пойҳояш доғҳои сиёҳ буданд, дида мешуд, ки аз тарафи тахтапушташ задаанд. Ман талаб кардам, ки аз нав ташхиси тиббиву додгоҳӣ гузаронанд. Танҳо баъд аз он эълон шуд, ки ӯро пеш аз маргаш задаанд."
Муттахассисон мегӯянд, дар лаҳзаҳои аввали ташхис дар ҷасади Диловаршо нишонаҳои монанд ба инсулт ё сактаи мағзӣ мушоҳида шуд. Аммо мегӯянд, ин хулосаи ниҳоии онҳо набуд ва санҷишҳои баъдӣ маълум кард, ки ӯ зарб хӯрдааст.
Он замон Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки Абдулмуъмин Халилов бо Диловаршоҳ Шомиров дар яке аз нуқтаҳои мошиншӯйӣ дар пойтахти кишвар шоми 22-юми март бар сари моеи мошиншӯӣ муноқиша кардаанд. Ҳарду дар ҳамон нуқтаи мошиншӯйӣ кор мекарданд.
Ба иттилои расмӣ, "дар натиҷа, Абдулмуъмин Халилов бо як зарби мушт Диловаршоҳро ба замин афтондааст ва ӯ ҷон бохтааст".
Қатл дар Тоҷикистон дар пайи муноқишаҳои мухталиф падидаи нав нест ва ҳамасола даҳҳо чунин ҳодиса рух медиҳанд. Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоб кардааст, ки мизони кушта шудани сокинон аз дасти ҷинояткорон дар Тоҷикистон солҳои охир баробари то 15 нафар ба ҳар сад ҳазор аҳолии кишвар будааст.